Архив рубрики: Хабарҳо

Нигаронии журналистони тоҷик аз тағйирот дар Кодекси ҷиноятӣ

Созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноӣ ворид шудани банди “таҳқиру туҳмат ба Пешвои миллат” ва таъйини ҷазоро барои он эҷоди маҳдудият дар самти озодии баёни кишвар хондаанд. Читать далее Нигаронии журналистони тоҷик аз тағйирот дар Кодекси ҷиноятӣ →

Ҷоизаи махсуси «Комсомольская правда» ба хабарнигори тоҷик

Насрулло Тӯйчизода, хабарнигори тоҷик ва  котиби масъули маҷаллаи «Илм ва ҳаёт»  сазовори ҷоизаи махсуси нашрияи «Комсомольская правда» гардид. Ин ҷоиза ба се нафар хабарнигор- Анастасия Хатиашвили (Гурҷистон), Елена Маркова (Россия) ва Насрулло Тӯйчизода (Тоҷикистон) насиб гардид. Читать далее Ҷоизаи махсуси «Комсомольская правда» ба хабарнигори тоҷик →

Журналистон: Марзи миёни таҳқиру танқид хеле ҳассос аст

Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноии кишвар ворид шудани банди “таҳқиру тӯҳмат ба Пешвои миллат” ва таъйини ҷазо барои онро навъи эҷоди маҳдудият дар самти озодии баён дар Тоҷикистон унвон карданд.

Читать далее Журналистон: Марзи миёни таҳқиру танқид хеле ҳассос аст →

Созмонҳо: Бо рафтани «Нигоҳ» фазои гуногунандешӣ тангтар шуд

Ду созмони журналистии Тоҷикистон аз мақомоти кишвар хостанд, ки барои нашри ҳафтаномаи «Нигоҳ» шароити заруриро фароҳам кунад. Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва Шӯрои васоити ахбори умуми Тоҷикистон аз чоп мондани «Нигоҳ»-ро нигаронкунанда дониста ва аз майдони матбуот рафтанашро «тангтар шудани фазои гуногунандешӣ» номиданд. Читать далее Созмонҳо: Бо рафтани «Нигоҳ» фазои гуногунандешӣ тангтар шуд →

Нигаронии созмонҳои журналистӣ аз қатъи ҳафтаномаи “Нигоҳ” ва даъват аз ҳукумат

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ва Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон аз қатъи ҳафтаномаи ҷамъиятӣ-сиёсии “Нигоҳ” изҳори нигаронӣ кардаанд. Читать далее Нигаронии созмонҳои журналистӣ аз қатъи ҳафтаномаи “Нигоҳ” ва даъват аз ҳукумат →

Нигаронии созмонҳои журналистӣ аз қатъи фаъолияти “Нигоҳ”

Ду созмони журналистӣ-Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ва Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз қатъи фаъолияти ҳафтаномаи ҷамъиятӣ-сиёсии “Нигоҳ” нигаронӣ намудаанд. Читать далее Нигаронии созмонҳои журналистӣ аз қатъи фаъолияти “Нигоҳ” →

Нигаронии ҷомеаи журналистӣ аз қатъи фаъолияти “Нигоҳ”

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ва Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон аз қатъи ҳафтаномаи ҷамъиятӣ-сиёсии “Нигоҳ” изҳори нигаронӣ кардаанд.  Читать далее Нигаронии ҷомеаи журналистӣ аз қатъи фаъолияти “Нигоҳ” →

Интернет аз як «мӯрӣ». Маркази ягонаи коммутатсионӣ фаъол мешавад

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон маркази ягонаи коммутатсиониро ба таври тестӣ фаъол кардааст. Алихон Бекназаров, масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 4-уми ноябр гуфт, Маркази ягонаи коммутатсионӣ дар Тоҷикистон, ба таври санҷишӣ ба кор шурӯъ кард. Бекназаров гуфт, кулли таҷҳизоти ин марказ аз хориҷа ворид ва насб шудаст ва аллакай ба таври “тестӣ ва ё санҷишӣ” кор мекунад. Читать далее Интернет аз як «мӯрӣ». Маркази ягонаи коммутатсионӣ фаъол мешавад →

Президентҳои панҷ кишвари ИДМ дар рӯйхати душманони матбуот

Президентҳои панҷ кишвари Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ба рӯйхати душманони матбуот шомил шудаанд. Читать далее Президентҳои панҷ кишвари ИДМ дар рӯйхати душманони матбуот →