Президентҳои панҷ кишвари ИДМ дар рӯйхати душманони матбуот

Президентҳои панҷ кишвари Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ба рӯйхати душманони матбуот шомил шудаанд.

Дар ин бора сомонаи созмони байналхалқии «Хабарнигорони бидуни марз» иттилоъ медиҳад. Дар маҷмуъ ин рӯйхат 35 нафарро дар бар мегирад.

Аз кишварҳои ИДМ президенти Русия Владимир Путин, ки аз соли 2000 ин ҷониб рӯйхатро тарк намекунад ва роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров дар рӯйхат шомил шудаанд. Ҳамчунин президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев (аз соли 2003 номаш дар рӯйхат зикр мешавад), Белорус Александр Лукашенко (аз соли 1994 шомили рӯйхат аст), Қазоқистон Нурсултон Назарбоев (аз соли 1990) ва Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов (аз соли 2006) шомили рӯйхат шудаанд.

Дар ин рӯйхат онҳое шомил мешаванд, ки дар кишварашон озодии баён мушкил дорад ва ё ба матбуот фишор меоранд.

«Хабарнигорони бидуни марз» — созмони байналхалқие аст, ки ба ҳимояи озодии матбуот, рӯзноманигорон ва фаъолони шаҳрвандӣ, мубориза зидди сензура машғул аст.

http://www.tojnews.tj/tj/news/prezidentkhoi-panch-kishvari-idm-dar-ruyhati-dushmanoni-matbuot

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *