Хадамоти алоқаи Тоҷикистон маркази ягонаи коммутатсиониро ба таври тестӣ фаъол кардааст. Алихон Бекназаров, масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 4-уми ноябр гуфт, Маркази ягонаи коммутатсионӣ дар Тоҷикистон, ба таври санҷишӣ ба кор шурӯъ кард. Бекназаров гуфт, кулли таҷҳизоти ин марказ аз хориҷа ворид ва насб шудаст ва аллакай ба таври “тестӣ ва ё санҷишӣ” кор мекунад.
Ҳукумати Тоҷикистон дар оғози соли ҷорӣ қарори таъсиси “Маркази ягонаи коммутатсионӣ”-ро содир кардааст, ки бар пояи он, акнун тамоми иртиботи кишвар бо хориҷа аз тариқи ҳамин марказ сурат мегирад. Тибқи ин қарор, ин марказ бояд то анҷоми соли ҷорӣ бунёд шуда, пурра ба фаъолият оғоз намояд.
Идеяи таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ нав нест. Ин тарҳ соли 2006 ба миён омад ва боиси баҳсҳои тӯлонӣ миёни ширкатҳои мобилӣ ва он замон Раёсати алоқаи Вазорати нақлиёт шуда буд. Бек Зуҳуров, раҳбари феълии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки он замон ноиби вазири нақлиёт оид ба мухобирот буд, аз пуштибонҳои ин тарҳ унвон мешуд.
Даҳ соли пеш бо пофишори созмонҳои байналмилалӣ, ки ин барномаро талоши таҳкими назорати мақомот бар бозори мухобирот арзёбӣ карда буданд, ҳукумати Тоҷикистон ба таъсиси ин марказ иҷоза надода, гуфта буд, ин марказ бар хилофи қонунҳои кишвар аст.
Ҳамсӯҳбатони “Озодӣ”, ки аз ҷузъиёти тарҳи маркази ягона огоҳӣ доранд, мегӯяд, ки мақсади асосии Хадамот аз таъсиси ин марказ, ба даст овардани даромади бештар аз гуфтугӯҳои байналмилалӣ ва маҷрои интернет аст. Таъсиси ин марказ ҳамчунон ба мақомоти Тоҷикистон имкони назорати гуфтугӯ ва иртиботҳои интернетиро низ фароҳам мекунад.
Ҳоло дар Тоҷикистон ба ҷуз аз 5 ширкати мобилӣ – «Вавилон», «Мегафон», «Тселл», «Билайн» ва «ТК-мобайл, ки чор ширкати аввалаш ҳамчунин хадамоти интернети мобилиро ба муштариёнашон пешкаш мекунанд, 7 ширкати дигари интернетрасон фаъолият доранд.
http://www.ozodi.org/a/common-communication-centre-/28096711.html