Архив рубрики: Хабарҳо

«Нигоҳ» фаъолияташро қатъ кард

Муассиси «Нигоҳ» аз қатъи фаъолияти ин ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсӣ дар Тоҷикистон хабар дод ва бо пахши изҳорот расман эълон кард, ки «бино ба адами мавҷудияти шароити лозим» маҷбур аст, нашри ҳафтаномаро боздорад. «Нигоҳ» баъди баста шудани се нашрияи мустақилу сахтгӯ — «Рӯзи нав», «Нерӯи сухан» ва «Одаму олам» дар соли 2006 ба саҳнаи матбуоти тоҷик ворид шуда буд. Читать далее «Нигоҳ» фаъолияташро қатъ кард →

Исми президентҳои «душмани озодии баён» муайян шуд

Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” бо нашри як матлаб президентҳоеро, ки »душман»-и матбуот ва озодии баён мебошанд, муайян намудааст. Читать далее Исми президентҳои «душмани озодии баён» муайян шуд →

«Тоҷикистон кишвари демократии солҳои 1990 нест»

Бархе аз хабарнигорони тоҷик мегӯянд, ки аз фишори афзояндаи мақомот ва тангтар шудани ҳалқаи озодии баён дар Тоҷикистон “ҳукумати чорум” як сол боз наметавонад рисолати аслиашро иҷро кунад. Онҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, баъди ҳалли “масъалаи” мухолифон, яъне канор задани онҳо аз саҳнаи сиёсӣ, ҳоло хабарнигорон ҳадаф қарор гирифтаанд ва фишори болои сарашон “аз таҳдиду таъқиб, таъкидҳои телефонӣ ва даъватҳои ғайрирасмӣ барои сӯҳбат бо маъмурони интизомӣ” иборат будааст. Иддаое, ки мақомот рад мекунанд ва мегӯянд, фишор ё таъқибе вуҷуд надорад. Читать далее «Тоҷикистон кишвари демократии солҳои 1990 нест» →

Ҳафтаномаи «Нигоҳ» аз чоп монд

Муассиси «Нигоҳ» аз қатъи фаъолияти ин ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсӣ дар Тоҷикистон хабар дод ва бо пахши изҳорот расман эълон кард, ки «бино ба адами мавҷудияти шароити лозим» маҷбур аст, нашри ҳафтаномаро боздорад. «Нигоҳ» баъди баста шудани се нашрияи мустақилу сахтгӯ — «Рӯзи нав», «Нерӯи сухан» ва «Одаму олам» дар соли 2006 ба саҳнаи матбуоти тоҷик ворид шуда буд. Читать далее Ҳафтаномаи «Нигоҳ» аз чоп монд →

Муҳайё Нозимова раиси Анҷумани бонувони журналист шуд

Рӯзноманигори тоҷик Муҳайё Нозимова раиси Анҷумани бонувони журналист интихоб шудааст. Анҷумаи таъсисии ин ниҳоди эҷодӣ рӯзи 2 ноябр дар меҳмонхонаи «Ҳайят Реҷенси» баргузор шуд ва ҳудуди панҷоҳ тан аз рӯзноманигорони зан аз ҳама минтақаҳои кишвар иштирок доштанд. Читать далее Муҳайё Нозимова раиси Анҷумани бонувони журналист шуд →

Қарори №427: Таҳқири пешвои миллат ҷиноят ҳисоб мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон бо ҷорӣ кардани муҷозот барои таҳқири Асосгузори сулҳу ваҳдат — пешвои миллат мувофиқат кард. Дар сурати вориди Кодекси ҷиноӣ шудани ин тағйирот, таҳқиркунандаи пешвои миллат метавонад то 5 сол маҳкум ба зиндон шавад. Читать далее Қарори №427: Таҳқири пешвои миллат ҷиноят ҳисоб мешавад →