Исми президентҳои «душмани озодии баён» муайян шуд

Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” бо нашри як матлаб президентҳоеро, ки »душман»-и матбуот ва озодии баён мебошанд, муайян намудааст.

 Ин созмон дар рӯйхати душманони матбуот исми раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва президенти Чеченистон Рамазон Қодировро ҷой додааст.

Бино ба иттилои ин ниҳод, оқои Путин  матуботи мустақил ва онҳое, ки ба пажӯҳиш дар сатҳи ҳукуматӣ даст мезананд, ҳадафи худ қарор додааст. Ин созмон Путинро дар саркӯб кардани озодии баён ва эътирозҳо дар Русия муттаҳам медонад.

 Рамазон Қодировро ин созмон дар нест кардани интиқодгароёнаш дар дохил ва хориҷи кишвар айбдор менамояд.

Инчунин ба рӯйхати душманони матбуот ва озодии баён, ки созмони «Хабарнигорони бидуни марз» таҳия намудааст, исми 35 сиёсатмадор ва созмон, аз ҷумла президенти Беларус Александр Лукашенко, раҳбари Кореаи Шимолӣ Ким Чен Ин, созмони ҷиноии Мексика «Лос-Сетас» ва гуруҳи террористии “Давлати Исломӣ” сабт гардидаанд.

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12216-ismi-prezident-oi-dushmani-ozodii-bajon-muajyan-shud.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *