Озмун барои журналистзанон

Ташкилоти ҷамъиятии «Машварати расонавӣ» барои шунавандагони курси медиа-менеҷмент озмун эълон менамояд.

Мақсади лоиҳа: Омода намудани гурӯҳи ҳирфавии занони медиаменеҷер.

Дар озмун хоҳишмандон танҳо аз миёни занону духтарони рӯзноманигор, ки собиқаи кории на кам аз се сол доранд, дорои маҳорати роҳбарӣ ҳастанд, ба забони тоҷикӣ ва русӣ балад ҳастанд, ширкат карда метавонанд.

Хоҳишмандон бояд маълумотномаи шарҳи ҳолиашонро (резюме) ба суроғаи электронии: mediaconsulting@inbox.ru. фиристанд.

Телефон барои тамос: 93 505 00 46

Мӯҳлати охирини қабули асноди зарурӣ: то соати 16.00-и 20.11.2016

 Ба нафароне, ки аз озмун мегузаранд, иловатан дар бораи сана ва макони баргузории тренинг хабар дода мешавад.

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12244-ozmun-baroi-zhurnalistzanon.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *