Насрулло Тӯйчизода, хабарнигори тоҷик ва котиби масъули маҷаллаи «Илм ва ҳаёт» сазовори ҷоизаи махсуси нашрияи «Комсомольская правда» гардид. Ин ҷоиза ба се нафар хабарнигор- Анастасия Хатиашвили (Гурҷистон), Елена Маркова (Россия) ва Насрулло Тӯйчизода (Тоҷикистон) насиб гардид.
Озмуни мазкур дар аввали соли ҷорӣ аз ҷониби хазинаи байналмилалии «Русский мир» эълон шуда буд. Дар он беш аз 130 кори журналистӣ аз кишварҳои олам ворид шуда, нашрияи «Комсомольская правда» низ тасмим гирифт дар қатори муассисон ба се хабарнигор ҷоизаи махсуси худро таъсис диҳад.
Ба гуфтаи наздикони Тӯйчизода, “ҷоизаро дар вазъияти тантанавӣ дар бинои Ҳукумати шаҳри Москва дар доираи баргузории Ассамблея 10-умини Хазинаи Русский Мир ба хабарнигори тоҷик Насрулло Тӯйчизода Роҳбари Департаменти ҳуқуқи муаллифӣ ва лоиҳаҳои байналмилалии ҶС «Хонаи ноширони Комсомольская правда» Митюсова Татяна Владимировна супорид.”
Митюсова Татяна Владимировна қайд намуд, ки аз байни корҳои зиёди эҷодии журналистон ин се журналист бо нигоҳи тоза дар ҷодаи журналистӣ ва тарзи баёни худ фарқ мекунанд.
http://www.tojnews.tj/tj/news/choizai-mahsusi-komsomolskaya-pravda-ba-habarnigori-tochik