Архив рубрики: Хабарҳо

АМВАОМТ ба хабарнигорон кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад

27 январ намояндагони АМВАОМТ (Ассотсисатсияи  миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон) бо хабарнигорони ҳафтаномаи «Нури Сарбанд» дар мавзӯи дастрасӣ ба хабар, навиштани дархост бо кормандони ин газета сӯҳбат анҷом доданд. Читать далее АМВАОМТ ба хабарнигорон кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад →

Ҳукумати шаҳри Қурғонтеппа журналистонро барои инъикоси пешравиҳо даъват кард

Санаи 27 феврал дар толори ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа конференсия бахшида ба соли ҷавонон дар мавзӯи «Нақши ВАО дар инъикоси пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ» баргузор шуд, ки дар он хабарнигорони расонаҳои мухталиф ҳузур доштанд. Читать далее Ҳукумати шаҳри Қурғонтеппа журналистонро барои инъикоси пешравиҳо даъват кард →

Машварати ҳуқуқии намояндагони АМВАОМТ бо кормандони “Радиои Хатлон”

Намояндагони АМВАОМТ дар шаҳри Қўрғон-теппа бо кормандони радиои вилоятӣ – “Радиои Хатлон”дар мавзўи дастрасӣ ба иттилоот, саривақт нагирифтани хабар, баҳонаҷӯии намояндагони мақомот ва саркашӣ аз сўҳбати аудиоӣ барои радио машварат доир намуданд. Читать далее Машварати ҳуқуқии намояндагони АМВАОМТ бо кормандони “Радиои Хатлон” →

Таассуфи профессор аз вазъи ВАО

Дастрасӣ ба иттилооти боэътимод, нақши иттилооти боэътимод дар рушди журналистикаи касбӣ, омилҳои дастрасӣ наёфтани журналист ба иттилооти боэътимод, набудани иттилооти боэътимод-сарчашма холигоҳи иттиллоотӣ, роҳҳои дастрасӣ ба иттилооти боэътимод, тарс ва андеша монеи дастрасӣ ба иттилоти боэътимод ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ — роҳ ба сӯи дастрасӣ ба иттилооти боэътимод ва дигар мушкилоту проблемаҳо буданд, ки ҳафтаи гузашта, 18-уми феврал зимни як мизи мудаввар дар толори «Кохи афсарон» дар Душанбе мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуд. Читать далее Таассуфи профессор аз вазъи ВАО →

Даспарвари МТЖТ номзади илмҳои филологӣ гардид

Хушдил Раҳимҷонов, яке аз аввалин даспарварони мактаби МТЖТ 23-юми феврали соли равон дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Меъёрҳои ахлоқӣ ҳамчун василаи (механизми) худтанзимнамоӣ дар ҷомеаи журналистии Тоҷикистон” рисолаи номзадии худро бомуваффақият ҳимоя кард. Читать далее Даспарвари МТЖТ номзади илмҳои филологӣ гардид →

Таъсиси маҷалаи «Бонувони Хатлон» дар вилояти Хатлон

Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон аз таъсиси маҷаллае ба номи «Бонувони Хатлон» хабар дод, ки гуфта мешавад шумораи аввалини ин маҷалла дар рӯзи иди модарон 8 март ба дасти хонандагонаш мерасад. Читать далее Таъсиси маҷалаи «Бонувони Хатлон» дар вилояти Хатлон →

Қарори Раиси вилоят дар бораи баргузории озмуни «Хомаи созанда-2017»

Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз 20 феврали соли 2017, № 69 “Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони “Хомаи созанда-2017” ба тасвиб расид. Читать далее Қарори Раиси вилоят дар бораи баргузории озмуни «Хомаи созанда-2017» →

Мушкилоти дастрасӣ ба иттилоот баррасӣ шуд (ВИДЕО)

Рӯзи 18 феврал дар толори меҳмонхонаи «Кохи афсарон» — и шаҳри Душанбе мизи гирд дар мавзӯи «Мушкилоти дастрасӣ ба иттилооти боэътимод» доир шуд. Читать далее Мушкилоти дастрасӣ ба иттилоот баррасӣ шуд (ВИДЕО) →

Усмонов: Ба 90 фоиз пайрави дини ислом будани аҳолӣ бовар надорам

Дастрасӣ ба иттилооти боэътимод, нақши иттилооти боэътимод дар рушди журналистикаи касбӣ, омилҳои дастрасӣ наёфтани журналист ба иттилооти боэътимод, набудани иттилооти боэътимод-сарчашма, холигоҳи иттиллоотӣ ва дигар мушкилоту проблемаҳо имрӯз, 18-уми феврал зимни як мизи мудаввар дар Душанбе бо иштироки журналистони собиқадори касбӣ, хабарнигорони расонаву нашрияҳои давлатию ғайридавлатӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Читать далее Усмонов: Ба 90 фоиз пайрави дини ислом будани аҳолӣ бовар надорам →

Ҳукумат ва журналистон — Кӣ аз кӣ фирор мекунад? АКСУ САДО

Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки нишасти хабарии мансабдорони тоҷик на дар шаш моҳ, балки дар се моҳ як бор баргузор шавад. Ин созмон, инчунин, хостааст, дар сурати рух додани ҳодисаҳои табиӣ, ба мисли омадани сел ва фаромадани тарма, масъулони давлатӣ ба суоли хабарнигорон билофосила ҷавоб гӯянд. Читать далее Ҳукумат ва журналистон — Кӣ аз кӣ фирор мекунад? АКСУ САДО →