Рӯзи 18 феврал дар толори меҳмонхонаи «Кохи афсарон» — и шаҳри Душанбе мизи гирд дар мавзӯи «Мушкилоти дастрасӣ ба иттилооти боэътимод» доир шуд.
Ташаббускори ин нишаст Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, мизи гирдро бо сарпарастии Бунёди рушди демократияи сафорати Амрико доир намуд.
Дар ҷараёни мизи гирд коршиносони соҳа ва журналистону ҳуқуқшиносони соҳаи журналистика маърӯза намуда, аз мушкилоти ҷойдошта ҳарф заданд.
Дар маърӯзаҳои профессор Иброҳим Усмонов, раҳбари АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев, котиби ИЖТ Наҷмиддини Шоҳинбод, ҳуқуқшинос Сӯҳроб Пӯлодов, котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Илёсзода, журналистон Раҷаби Мирзо, Акрами Санг, Одили Нозир мушкили ҷойдоштаи мавзӯи мазкур ба риштаи таҳлил кашида шуд.
Дар ҷараёни мизи гирд видео-опроси «Мушкилоти дастрасӣ ба иттилооти боэътимод кадом аст?» намоиш дода шуд, ки дар он андешаи журналистони амалӣ ва мушкилиҳои рӯ ба рӯи эшон садо доданд.
Ҳамчунин, муаррифии пурсишномаи «Иттилооти боэътимодро аз куҷо дастрас мекунед?» доир шуд, ки он мушкили минтақаҳои Тоҷикистонро дар масоили иттилоот инъикос мекард.
Дар поёни мизи гирд тавсияҳо барои беҳбуди кор дар ин раванд пешниҳод шуданд. Аз ҷумла, баргузор намудани тренинг бо ширкати кормандони марказҳои матбуотӣ, нашри брошюра перомуни мавзӯи дастрасӣ ба иттилоот, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ҳангоми пешниҳоди матолиб, ташкили платформаи ягона барои пайгирии вазъи дастрасӣ ба иттилооти расмӣ.
Ҳозирин ба ин хулоса расиданд, ки масъалаи дастрасӣ ба иттилооти дақиқ чун яке аз мушкилоти асосии журналистикаи муосир боқӣ мондааст.
http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13162-mushkiloti-dastras-ba-ittiloot-barras-shud.html