Қарори Раиси вилоят дар бораи баргузории озмуни «Хомаи созанда-2017»

Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз 20 феврали соли 2017, № 69 “Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони “Хомаи созанда-2017” ба тасвиб расид.

 Бино ба иттилои дафтари матбуотии вилоят, озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои рӯзноманигорон ва кормандони васоити ахбори оммаи вилоят дар номинатсияҳои ««Соли ҷавонон» ва масъалаҳои актуалии ҷомеа», «Масъалаҳои марбут ба рушди кишоварзӣ», «Масъалаҳои марбут ба саноат, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ», «Соли 2017 – соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ», инчунин “Инъикоси дастовардҳои Тоҷикистон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар расонаҳои маъруфи ҷаҳонӣ” гузаронида мешавад.

«Дар асоси низомномаи тасдиқгардида ҳар як иштирокчии озмун (ё гурӯҳи эҷодӣ) бояд на кам аз 5 мавод пешниҳод намояд. Дар озмун онҳое, ки давоми сол дар як мавзӯъ силсиламавод омода кардаанд, бартарӣ хоҳанд дошт. Ҷоиз ба таъкид аст, ки ҳар як рӯзноманигор ва гурӯҳи эҷодӣ танҳо аз рӯи як номинатсия барои иштирок дар озмун довталабӣ карда метавонад. Маводи журналистии ба озмуни вилоятии «Хомаи созанда — 2017» пешниҳодшуда бояд тавассути радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи интернет дар марҳилаи аз 1 январи соли 2017 то 1 октябри соли 2017 пахш ва ё нашр гардида бошад. Мӯҳлати пешниҳоди ариза барои иштирок дар озмун аз 1-ум то 20-уми октябри соли 2017 муқаррар карда мешавад».

Барои ғолибон маҷмӯан 150 000 сомонӣ мукофот тақдим карда мешавад.

Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ озмуни мазкур чор сол инҷониб баргузор мешавад.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13177-arori-raisi-viloyat-dar-borai-barguzorii-ozmuni-khomai-sozanda-2017.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *