Санаи 27 феврал дар толори ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа конференсия бахшида ба соли ҷавонон дар мавзӯи «Нақши ВАО дар инъикоси пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ» баргузор шуд, ки дар он хабарнигорони расонаҳои мухталиф ҳузур доштанд.
Дар ин хусус намояндаи ҳукумати шаҳри Қурғон-теппа дар суҳбат ба АМВАОМТ иттилоъ дод.
Дар аввал Асалмоҳ Сафарова, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Хатлон» суханронӣ намуда, дар бораи мӯҳтавои паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар андешаҳои худро баён дошт. Инчунин Мурод Сотиев, ҳафтаномаи «Новый Хатлон» дар бораи нақши ВАО дар пешрафти суботи ҷомеа фикру мулоҳизаи хешро иброз намуд.
Дар охир ширкаткунандагони конференсия мубоҳисаронӣ карда, пешниҳодҳои хешро ба унвони шаҳрдории Қӯрғонтеппа ирсол намуданд.
Ҳукумати шаҳри Қурғонтеппа дар ҳар мулоқоту вохӯриҳо аз нерӯи зеҳнии журналистон истифода менамояд ва нақши журналистикаро дар пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт муҳим арзёбӣ мекунад.
Хадамоти мониторингии АМВАОМТ