27 январ намояндагони АМВАОМТ (Ассотсисатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон) бо хабарнигорони ҳафтаномаи «Нури Сарбанд» дар мавзӯи дастрасӣ ба хабар, навиштани дархост бо кормандони ин газета сӯҳбат анҷом доданд.
Дар нишаст Нуриниссо Ибодуллоева, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Нури Сарбанд», Манижа Эмомалиева ва дигар хабарнигорони ин ҳафтанома мушкилоти марбут ба фаъолияти касбии худ ва дигар масъалањои ҳуқуқиро дар нишаст мавриди музокира қарор доданд. Ба суолҳои хабарнигорон Раҳмоналӣ Давлатов, ҳуқушиноси АМВАОМТ посух дод.
«Нури Сарбанд» ягона ҳафтанома дар шаҳри Сарбанд аст, ки хабарнигорони ҷавонро ба кор гирифта, хабару мақолаҳоро оид бо ҳаёти сиёсию иҷтимоии мардуми ин шаҳр мунташир мекунад.
Хабарнигорони «Нури Сарбанд» аъзои фаъоли Иттифоқи касабаи кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Хатлон мебошад. Бояд гуфт, ки ин иттифоқи касабаи ВАО бори аввал дар вилояти Хатлон бо кӯмаки молӣ ва пуштибонии ҳуқуқии АМВАОМТ дар соли 2015 таъсис дода шудааст.
Хадамоти мониторингии АМВАОМТ