Профессори мӯйсафед, кифи вазнин дар китфаш кашол аз болои пули дарёи «Лучоб», ки каме поёнтар ба дарёи «Душанбе» мепайвандад, оҳиста-оҳиста қадам зада мегузарад ва ба ҳавлии шаҳраки донишҷӯён ворид мегарад. Читать далее Ӯ 2+2-и журналистикаро гуфту рафт
Все записи автора nansmit
Муаррифии китоби «Акбари бузург» дар Душанбе
Дар маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» маросими рӯнамои китоби «Акбари бузург» доир гардид, ки дар он хотираҳои дӯстону ҳамқаламони собиқ раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов доир ба ҳаёту фаъолияти ӯ гирдоварӣ шудаанд. Рӯзи 10 феврали имсол Акбаралӣ Сатторов ба синни 51-солагӣ мерасид. Читать далее Муаррифии китоби «Акбари бузург» дар Душанбе
Пешниҳод: 10 феврал Рӯзи Акбари бузург номида шавад
Дар маҳфиле, ки 10 феврал ба хотири ёдбудиАкбари Саттор, раҳбари пешини Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар Маҷмааи табъу нашри “Шарқи Озод” баргузор шуд, пешниҳод гардид, ҳамасола имрӯз ҳамчун “Рӯзи Акбари бузург” таҷлил шавад.
Читать далее Пешниҳод: 10 феврал Рӯзи Акбари бузург номида шавад
«Шарқи озод»: Ёде аз Акбари Саттор
Имрӯз 10-ум феврали соли равон дар бинои «Шарқи озод» китоби ҷадиди марҳум Акбари Саттор, собиқ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо номи «Акбари бузург» муаррифӣ гардид. Читать далее «Шарқи озод»: Ёде аз Акбари Саттор
Шӯрои адлия сабаби фаъол набудани сомонаҳои судҳоро буҳрони молӣ хонд
Шӯрои адлияи Тоҷикистон далели фаъол набудани сомонаҳои интернетии чанде аз додгоҳҳои кишварро ба буҳрони молӣ ва саривақт маблағгузорӣ нашудани ҳаққи хизматрасонии онҳо гуфт.
Дӯстмурод Муродзода, раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон дар нишасти хабарии ахираш дар Душанбе дар посух ба суоли “Озодагон”, ки чаро сомонаҳои бархе додгоҳҳо фаъол нестанд, изҳор дошт, “яке аз сабабҳо муттассифона бо назардошти шароити буҳрони молӣ-иқтисодӣ сари вақт маблағгузорӣ карда нашудани ин сомонаҳо аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ мебошад. Чун ки норасоии маблағ дар соли 2015-ум мутаасифона дар самти таъминоти рушди воситаҳои иттилоотӣ-коммуникатисионии судҳо ба чашм мерасид”.
Ҷаноби Муродзода мегӯяд, баъди аз фаъолият боз мондани бархе сомонаҳои судҳои кишвар, маҷбур шудаанд ба провайдерҳои миллӣ ба тариқи шифоҳӣ муроҷиат намоянд: “Мо муроҷиат намуда, гуфтем, солҳои тулонӣ бо шумо ҳамкорӣ дорем, маблағи муайянеро ҳамасола пардохт мекунем, мо мизоҷи доимии шумо ҳастем ва ягон ҷо гурехта намеравем, маблағ дорем, ин ки ним моҳу як моҳ бо назардошти шароити муайяни низоми молиявии имрӯзаи хазинадорӣ маблағҳо дертар мегузаранд, маънии онро надорад, ки шумо фаъолияти сомонаҳоро қатъ намоед”.
Ӯ дар идома афзуд, дар пайи ин муроҷиат сомонаи Шӯрои адлияро боз карданд, вале сайти додгоҳҳо ҳанӯз фаъол нашуданд: “Корҳо дар ин самт идома доранд. Умуман дар ягон давлати дунё ин хел нест. Мо мизоҷ ҳастем, маблағро доимӣ пардохт карда истодаем, аммо онҳо бо гузашти як ҳафта зуд сомонаро мебанданд”.
Масъулини Шӯрои адлия таъкид намуданд, талош хоҳанд кард, то давоми моҳи ҷорӣ сомонаи тамоми додгоҳҳои кишвар фаъол гарданд.
Қатъи фаъолияти бештари сомонаи додгоҳҳо пардохт нашудани ҳаққи “домен” ва “хостинг” арзёбӣ мешавад. Бино ба иттилои vip.tj, як сомонаи марбут ба пешниҳоди ин хизматрасониҳо, арзиши солонаи «домен-tj» 15 ва «хостинг» аз 150 то 170 долларро ташкил медиҳад.
http://www.ozodagon.tj/25219-shroi-adliya-sababi-faol-nabudani-somonaoro-buroni-mol-hond.html
Бонки миллӣ: Нархҳо муътадиланд, расонаҳо ҳангома месозанд
Бонки миллии Тоҷикистон хабари расонаҳо дар бораи боло рафтани нархи бархе аз маҳсулоти ниёзи аввалро ҳангомасозӣ хонда, таъкид кардааст, ки нарх дар бозорҳои кишвар муътадил мебошад. Читать далее Бонки миллӣ: Нархҳо муътадиланд, расонаҳо ҳангома месозанд
Таҷлил аз 51 солагии Акбари Саттори ҳамешазинда
Фардо, 10-ум феврали соли 2015 соати 10:00 дар бинои «Шарқи озод» китоби ҷадиди марҳум Акбари Саттор, собиқ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо номи «Акбари бузург» муаррифӣ мегардад. Читать далее Таҷлил аз 51 солагии Акбари Саттори ҳамешазинда
Мақомот: Президент ними ҷазои журналист Гулмуродзодаро бахшид
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷазои журналисти маҳкумшуда ба 2 соли зиндонро қисман бахшидаст. Читать далее Мақомот: Президент ними ҷазои журналист Гулмуродзодаро бахшид
Президент муҳлати ҳабси журналисти «Фараж»-ро кам кард
Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳукми як соли зиндони журналисти хабаргузории «Фараж» Аминҷон Гулмуродзода кам карда шуд. Читать далее Президент муҳлати ҳабси журналисти «Фараж»-ро кам кард
Бо дахолати Э.Раҳмон як сол аз ҳабси Гулмуродзода кам шудааст
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки бо фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон як сол аз замони ҳабси Аминҷон Гулмуродзода кам карда шудааст. Читать далее Бо дахолати Э.Раҳмон як сол аз ҳабси Гулмуродзода кам шудааст