Имрӯз 10-ум феврали соли равон дар бинои «Шарқи озод» китоби ҷадиди марҳум Акбари Саттор, собиқ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо номи «Акбари бузург» муаррифӣ гардид.
Дар маҳфил дӯстон, ҳамкорон ва ҳамсабақони Акбаралӣ Саттор иштирок карда аз маҳрум бо некӣ ёдовар шуданд. Ҳамагӣ аз Акбаралӣ Саттор чун чеҳраи муассир дар матбуоти тоҷик, аз эҳёкунандагони матбуоти мустақил дар замони истиқлол, нафари саховатманду дасткушод ва болотар аз ин «вазири журналистон” ном бурданд. Китобро Сайёфи Мизроб сармуҳаррири ҳафтаномаи «СССР» таҳия кардааст. Ичунин китоб бо дастгирии бевоситаи Ёқуб Исмоилзода, директори нашриёти «Шарқи озод” ва зери таҳрири журналист Сайёфи Мизроб ва адиб Умари Шерхон рӯи нашр омадааст. Маҷмӯаи мазкур аз мақолаву ёддоштҳои дӯстон, ҳамкорон ва ҳамсабақони Акбаралӣ Саттор иборат аст.
Акбаралӣ Саттор 28-уми августи соли 2015 дар синни 50-солагӣ аз дунё даргузашт. Ӯ аз соли 2005 инҷониб раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.
http://faraj.tj/news/12407-shar1179i-ozod-ede-az-akbari-sattor.html