Таҷлил аз 51 солагии Акбари Саттори ҳамешазинда

Фардо, 10-ум феврали соли 2015 соати 10:00 дар бинои «Шарқи озод» китоби ҷадиди марҳум Акбари Саттор, собиқ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо номи «Акбари бузург» муаррифӣ мегардад.

Китобро Сайёфи Мизроб сармуҳаррири ҳафтаномаи «СССР» таҳия кардааст. Хамчунин китоб бо дастгирии бевоситаи Ёқуб Исмоилзода, директори нашриёти «Шарқи озод” ва зери таҳрири журналист Сайёфи Мизроб ва адиб Умари Шерхон рӯи нашр омадааст. Маҷмӯаи мазкур аз мақолаву ёддоштҳои дӯстон, ҳамкорон ва ҳамсабақони Акбаралӣ Саттор иборат аст.

Ҳамагӣ аз Акбаралӣ Сатторов чун чеҳраи муассир дар матбуоти тоҷик, аз эҳёкунандагони матбуоти мустақил дар замони истиқлол, нафари саховатманду дасткушод ва болотар аз ин «вазири журналистон” ном бурдаанд

Акбаралӣ Сатторов 28-уми августи соли 2015 дар синни 50-солагӣ аз дунё даргузашт. Ӯ аз соли 2005 инҷониб раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.

Қобил ба зикр аст, ки фардо рӯзи мавлуди Акбари Саттор аст ва масъулини чорабинӣ чун ёдбуд 51 солагии марҳумро таҷил хоҳанд кард.

 

http://faraj.tj/news/12401-ta1207lil-az-51-solagii-akbari-sattori-1203ameshazinda.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *