Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, соли гузашта дар кишвар шумори корбарони телефони мобилӣ ва интернет кам шуд. Читать далее Шумори корбарони телефонҳои мобилии Тоҷикистон кам шудааст
Все записи автора nansmit
Марзбонони қирғиз хабарнигори Радиои Озодиро раҳо карданд
Хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб (Маъсум Имомов), ки рӯзи 8 феврал дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боздошт шуд, шоми душанбе хабар додааст, ки ӯро тақрибан соати ҳашти шом, баъди 8 соати боздошт озод кардаанд. Читать далее Марзбонони қирғиз хабарнигори Радиои Озодиро раҳо карданд
Хабарнигори Озодӣ аз боздошт озод шуд
Мақомоти Қирғизистон хабарнигори бахши тоҷикии Озодиро, ки рӯзи 8 феврал дар марз бо ин кишвар дастгир шуд, баъди 8 соати боздошт озод карданд. Читать далее Хабарнигори Озодӣ аз боздошт озод шуд
Бо фаромони Э. Раҳмон ҳабси Гулмуродзода як сол кам шуд
Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон муҳлати ҳабси Аминҷон Гулмуродзода як сол кам шудааст. Читать далее Бо фаромони Э. Раҳмон ҳабси Гулмуродзода як сол кам шуд
Президент Эмомалӣ Раҳмон як соли маҳбаси Аминҷон Гулмуродзодаро бахшидааст
Бо фармони Президент Эмомалӣ Раҳмон муҳлати ҳабси журналист Аминҷон Гулмуродзода як сол кам карда шудааст.
Хусрав Аюбов, адвокати Аминҷон Гулмуродзода ба TojNews гуфт, Фармони Президенти таҳти №616 аз 18-уми январи соли 2016 1 соли ҳабс бахшида шудааст. Адвокат мегӯяд, ки дар посух ба дархости онҳо аз Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД маълумот додаанд, ки фармони мазкур ба онҳо расида, алакай дар амал татбиқ шудааст.
Аминҷон Гулмуродзода, фарзанди марҳум Пайванди Гулмурод, собиқ устоди факултаи журналистикаи ДМТ бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт моҳи августи соли 2015 барои ду сол маҳбас шуда буд.
Мақомоти амниятии Тоҷикистон Аминҷон Гулмуродзодаро тибқи моддаи 340, қисми 2, банди “а”-и Кодекси ҷиноятӣ “сохтакории шиноснома, бо мақсади истифода аз ҷониби худи сохтакор ё шахси дигар, ҳамчунин истифодаи ҳуҷҷатҳои бараъло қалбакӣ, такроран” муттаҳам мекарданд.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат Аминҷон Гулмуродзода аз ҷониби Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе боз шуда буд. Аминҷон Гулмуродзода дар бахши русии сомонаи “Фараж” кор мекард. Адвокат Хусрав Аюбов мегӯяд, ҳоло намедонад кадом муроҷиати онҳоро Президент ба инобат гирифта, як соли маҳбасро бахшидааст.
Қаблан Ситора Сатторова, ҳамсари Аминҷон Гулмуродзода аз Президент хоста буд, ки ба қазияи шавҳараш расидагӣ кунад. Ӯ дар як нома ба унвонии Президент аз вазъи оилавиаш ёд карда гуфта буд, ки “соҳиби 2 духтарча мебошам, ки яке аз онҳо маъюб (гирифтори бемории аутизм) буда, аз ҷиҳати асабоният ва ҳарф назадан моро сахт нигарон кардааст. Аз сабаби бемории духтарам хонашин буда, ба нигоҳубини ӯ машғул мебошам. Хароҷоти якмоҳа ва таъмини кӯдаки маъюбам наздики ду ҳазор сомонӣ дар як моҳ аст.”
Ҳамсари Аминҷон Ситора Сатторова аз шавҳараш ҳамчун як ҷавони воқеан рӯшанфикр, меҳнатӣ, оромтабиат ва босавод ном бурда, гуфтааст, ки дар ин муддати фаъолияташ дар нашрияҳову сомонаҳо борҳо бо мукофот сарфароз гашта, аз ҷумла, нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро соҳиб шудааст.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон дар нишасти матбуотиаш гуфта буд, ки дар бораи ин қазия огоҳ нест, ҳатман думбол хоҳад кард.
Хуршеди Атовулло, раҳбари «Фараж» дар бораи иттиҳомот нисбат ба Аминҷон Гулмуродзода гуфта буд, ки “гӯё соли 1989, ки ҳанӯз ба балоғат нарасида буд, бо кумаки падараш, собиқ декани факултаи журналистикаи ДМТ, шодравон Гулмуродзода Пайванди Гулмурод аз бахши САҲШ-и ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ)-и ҶСС Тоҷикистон шаҳодатномаи таваллуд дастрас кардааст, ки он, ба гуфтаи мақомоти тафтишоти пешакӣ, қалбакӣ мебошад. Дар идомаи парвандаи ҷиноятӣ омадааст, ки Аминҷон гӯё бо истифода аз ин шаҳодатнома аз мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ соли 1998 соҳиби шиноснома шудааст ва онро дар чанд ҳолат ҳангоми ба кор қабул шудан истифода намудааст”.
http://www.tojnews.tj/tj/news/daholati-prezident-emomali-rakhmon-ba-kaziyai-aminchon-gulmurodzoda
Президент як соли ҳукми Гулмуродзодаро кам кард
Бо фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як соли мӯҳлати боқимондаи журналист Аминҷон Гулмуродзода кам карда шудааст. Читать далее Президент як соли ҳукми Гулмуродзодаро кам кард
Журналисти тоҷик аз боздоштгоҳи Қирғизистон раҳо шуд
Хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ Масъуми муҳаммадраҷаб,ки дирӯз аз сӯи марзбонони қирғиз боздошт шуда буд, пас аз 8 соати боздошт раҳо шудааст. Читать далее Журналисти тоҷик аз боздоштгоҳи Қирғизистон раҳо шуд
Раҳоии хабарнигори тоҷик баъди 8 соати асорат дар Қирғизистон
Хабарнигори тоҷик, корманди бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” баъди 8 соат аз асорати марзбонони қирғиз раҳо шудааст. Читать далее Раҳоии хабарнигори тоҷик баъди 8 соати асорат дар Қирғизистон
Раҳоии журналисти тоҷик баъди 8 соати боздошт
Читать далее Раҳоии журналисти тоҷик баъди 8 соати боздошт
Хабарнигори Озодӣ аз боздошт озод шуд
Мақомоти Қирғизистон хабарнигори бахши тоҷикии Озодиро, ки рӯзи 8 феврал дар марз бо ин кишвар дастгир шуд, баъди 8 соати боздошт озод карданд.