Хабарнигори тоҷик, корманди бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” баъди 8 соат аз асорати марзбонони қирғиз раҳо шудааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, хабарнигори тоҷик 8-уми январ аз ҷониби марзбонони Қирғизистон дар деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иттиҳоми нақзи қоидаҳои убури марз боздошт шуда буд. Радиои “Озодӣ” хабар додааст, ки хабарнигорро пас аз 8 соати боздошт, соати ҳашти шом озод кардаанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб гуфтааст, ки ӯро ба убури ғайриқонунии марз айбдор кардаанд, дар ҳоле ки дар он минтақа ягон аломати рӯшани ба Қирғизистон тааллуқ доштанаш дида намешуд.
“Дар посух ба эътирози хабарнигори Озодӣ, марзбонҳои қирғиз як аломатеро нишон додаанд, ки дар канори ҷӯ дар як ҷои нонамоён гузошта шуда, дар он «Рустои Мақсат» навишта шуда буд. Ин русто ба ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд тааллуқ дорад”, — навиштааст ин расона.
Баъди боздошт хабарнигорро ба маркази ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд интиқол додаанд, ки таҳқиқи қазияи ӯро бахши ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон вогузор шудааст, — гуфтаанд дар ниҳодҳои ин кишвар.
Дар хабари “Озодӣ” гуфта мешавад, Маъсуми Муҳаммадраҷаб рӯзи 8 феврал, дар ҳоле ки бо супориши Радио мавзӯи насби парчами Қирғизистон дар болои хонаи ду сокини Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро таҳқиқ мекард, аз сӯи нерӯҳои марзбонии Қирғизистон боздошт шуд.
http://www.tojnews.tj/tj/news/rakhoii-habarnigori-tochik-badi-8-soati-asorat-dar-kirgiziston