Хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ Масъуми муҳаммадраҷаб,ки дирӯз аз сӯи марзбонони қирғиз боздошт шуда буд, пас аз 8 соати боздошт раҳо шудааст.
Дар ин хусус «Радиои Озодӣ» хабар дода гуфтааст, ки ӯро соати 8-и шоми рӯзи 8-уми феврал раҳо кардаанд. Ин хабарнигори тоҷик, ки мавзӯи овехтани парчами Қирғизистонро дар болои манзилҳои истиқоматии ду сокини Овчӣ-Қалъаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пайгирӣ мекард, аз ҷониби марзбонҳои қирғиз боздошт гардида буд.
Ҷаноби Муҳаммадраҷаб гуфтааст, ки вайро бо ҷурми убури ғайриқонунии марз айбдор кардаанд, дар ҳоле ки дар он минтақа ягон аломати аниқи ба Қирғизистон тааллуқ доштанаш дида намешуд.
«Дар посух ба эътирози хабарнигори Озодӣ, марзбонҳои қирғиз як аломатеро нишон додаанд, ки дар канори ҷӯ дар як ҷои нонамоён гузошта шуда, дар он «Рустои Мақсат» навишта шуда буд. Ин русто ба ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд тааллуқ дорад”, — афзудааст манбаъ.
Ахбори боздошти хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз тарафи яке аз сокинони Овчӣ-Қалъача, ки дар болои хонааш парчами Қирғизистонро парафшон намуда буданд, рӯзи душанбе расонаӣ гардида пасон ин итттилоро Хадамоти марзбонии Қирғизистон низ тасдиқ намуда буданд.
Сухангӯи Хадамоти марзбонии Қирғизистон Гулмира Борубоева сабаби боздошти хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодиро дар нақзи убури қоидаҳои марзӣ ва давлатӣ унвон намуда буд.