Президент муҳлати ҳабси журналисти «Фараж»-ро кам кард

Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳукми як соли зиндони журналисти хабаргузории «Фараж» Аминҷон Гулмуродзода кам карда шуд.

Адвокати маҳкумшуда Хусрав Айбов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 2 феврал ба ӯ аз полковники милитсия Ҳалимзода нома расида, дар он гуфта шудааст, ки президент дар бораи авфи 1 соли муҳлати зиндони зерҳимояи ӯ фармон содир кардааст. «Ҳамин тариқ, рӯзноманигор акнун на моҳи августи соли 2017, балки моҳи августи соли 2016 ба озодӣ мебарояд», — гуфт адвокат.

Номбурда зикр кард, ки айни замон онҳо барои барқарор кардани мақоми шаҳрвандии рӯзноманигор ҳуҷҷатҳо гирдоварӣ карда истодаанд. «Пас аз ин нисбати тағйири муҳлати адои ҷазо дархост карданием», — афзуд адвокат.

Ёдрас мекунем, ки Аминҷон Гулмуродзодаи 33-сола 18 августи соли 2015 ба иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷатҳо ва истифодаи минбаъдаи онҳо ба ду соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум карда шуд.

 

http://news.tj/tj/news/prezident-mu-lati-absi-zhurnalisti-farazh-ro-kam-kard

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *