Все записи автора nansmit

Маҷалаи «Бонувон Хатлон» нашр мешавад

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят бахшида ба “Соли ҷавонон” маҷаллаи «Бонувони Хатлон» таъсис ёфт, ки аввалин шуморааш рӯзи 7-уми март, як рӯз пеш аз Рӯзи Модар ва дар арафаи Рӯзи матбуот ба дасти хонанда мерасад. Читать далее Маҷалаи «Бонувон Хатлон» нашр мешавад →

Бӯҳрон расонаҳоро аз «ҳаққи қалам» маҳрум кард

Вазорати молияи Тоҷикистон мизони маблағгузории расонаҳои расмии кишварро коҳиш додааст. Таъсири бӯҳрони молӣ ба будҷаи давлат ва даъвати президент барои коҳиши хароҷоти дуюмдараҷа боиси коҳиши хароҷоти расонаҳои давлатӣ ҳам шуд. Масъулини вазорати молия мегӯянд, дар будҷаи соли 2017 барои ҳаққи қалами рӯзноманигорон ва чандин хароҷотҳои дуввумдараҷаи ВАО-и расмӣ маблағ ҷудо нашудааст ва расонаҳо бояд ин маблағро аз ҳисоби худ пардохт кунанд. Читать далее Бӯҳрон расонаҳоро аз «ҳаққи қалам» маҳрум кард →

АМВАОМТ ба хабарнигорон кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад

27 январ намояндагони АМВАОМТ (Ассотсисатсияи  миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон) бо хабарнигорони ҳафтаномаи «Нури Сарбанд» дар мавзӯи дастрасӣ ба хабар, навиштани дархост бо кормандони ин газета сӯҳбат анҷом доданд. Читать далее АМВАОМТ ба хабарнигорон кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад →

Ҳукумати шаҳри Қурғонтеппа журналистонро барои инъикоси пешравиҳо даъват кард

Санаи 27 феврал дар толори ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа конференсия бахшида ба соли ҷавонон дар мавзӯи «Нақши ВАО дар инъикоси пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ» баргузор шуд, ки дар он хабарнигорони расонаҳои мухталиф ҳузур доштанд. Читать далее Ҳукумати шаҳри Қурғонтеппа журналистонро барои инъикоси пешравиҳо даъват кард →

Машварати ҳуқуқии намояндагони АМВАОМТ бо кормандони “Радиои Хатлон”

Намояндагони АМВАОМТ дар шаҳри Қўрғон-теппа бо кормандони радиои вилоятӣ – “Радиои Хатлон”дар мавзўи дастрасӣ ба иттилоот, саривақт нагирифтани хабар, баҳонаҷӯии намояндагони мақомот ва саркашӣ аз сўҳбати аудиоӣ барои радио машварат доир намуданд. Читать далее Машварати ҳуқуқии намояндагони АМВАОМТ бо кормандони “Радиои Хатлон” →

Таассуфи профессор аз вазъи ВАО

Дастрасӣ ба иттилооти боэътимод, нақши иттилооти боэътимод дар рушди журналистикаи касбӣ, омилҳои дастрасӣ наёфтани журналист ба иттилооти боэътимод, набудани иттилооти боэътимод-сарчашма холигоҳи иттиллоотӣ, роҳҳои дастрасӣ ба иттилооти боэътимод, тарс ва андеша монеи дастрасӣ ба иттилоти боэътимод ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ — роҳ ба сӯи дастрасӣ ба иттилооти боэътимод ва дигар мушкилоту проблемаҳо буданд, ки ҳафтаи гузашта, 18-уми феврал зимни як мизи мудаввар дар толори «Кохи афсарон» дар Душанбе мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуд. Читать далее Таассуфи профессор аз вазъи ВАО →

Даспарвари МТЖТ номзади илмҳои филологӣ гардид

Хушдил Раҳимҷонов, яке аз аввалин даспарварони мактаби МТЖТ 23-юми феврали соли равон дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Меъёрҳои ахлоқӣ ҳамчун василаи (механизми) худтанзимнамоӣ дар ҷомеаи журналистии Тоҷикистон” рисолаи номзадии худро бомуваффақият ҳимоя кард. Читать далее Даспарвари МТЖТ номзади илмҳои филологӣ гардид →

Таъсиси маҷалаи «Бонувони Хатлон» дар вилояти Хатлон

Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон аз таъсиси маҷаллае ба номи «Бонувони Хатлон» хабар дод, ки гуфта мешавад шумораи аввалини ин маҷалла дар рӯзи иди модарон 8 март ба дасти хонандагонаш мерасад. Читать далее Таъсиси маҷалаи «Бонувони Хатлон» дар вилояти Хатлон →

Қарори Раиси вилоят дар бораи баргузории озмуни «Хомаи созанда-2017»

Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз 20 феврали соли 2017, № 69 “Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони “Хомаи созанда-2017” ба тасвиб расид. Читать далее Қарори Раиси вилоят дар бораи баргузории озмуни «Хомаи созанда-2017» →