Иттифоқи журналистон ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон маъракаи бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷикро имсол 10 март баргузор мекунанд. Читать далее Исми барандаҳои Ҷоизаи Лоҳутиро 10 март эълон мекунанд
Все записи автора nansmit
Ҳукумати вилояти Хатлон ба модарон дар баробари туҳфаҳои хотирави маҷаллаи «Бонувони Хатлон» тақдим кард
Нахустин маҷаллаи сирф барои занону бонувон имрӯз аз дасти чоп баромад ва ба дасти хонандагони Хатлонӣ расид. Читать далее Ҳукумати вилояти Хатлон ба модарон дар баробари туҳфаҳои хотирави маҷаллаи «Бонувони Хатлон» тақдим кард
Лоҳутибарҳо 10 март эълон мешаванд
Иттифоқи журналистон ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон маъракаи бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷикро имсол 10 март баргузор мекунанд. Читать далее Лоҳутибарҳо 10 март эълон мешаванд
Ҷоизаҳо ба рӯзноманигорони ғолиби озмун
Дар Душанбе маросими супоридани ҷоизаҳо ба рӯзноманигороне, ки дар озмуни «Оилаи хушбахт оилаест, ки дар он ба зӯроварӣ ҷой нест», ғолиб омаданд, баргузор шуд. Озмуни мазкур дар чорчӯбаи татбиқи лоиҳаи пешгирии хушунат дар оила эълон шуда буд. Читать далее Ҷоизаҳо ба рӯзноманигорони ғолиби озмун
“Бухорои Шариф” ва сабақҳои он
Имрӯз ба хотири 105-солагии нахустин нашрияи тоҷикӣ — “Бухорои Шариф” дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи матбуот конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони ««Бухорои Шариф» ва сабақҳои он» баргузор гардид.
Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултети журналистика сароғоз меҳмонон ва донишҷӯёнро барои ширкат дар ин конференсияи илмӣ-амалӣ хушомадед гуфта, таъкид кард, ки чорабинии мазкур идомаи силсилавохӯриҳои донишҷӯён ва устодон бо нашрияҳои давлативу ғайидавлатӣ аст.
Сипас мудири кафедраи матбуот Наргис Усмонова суханронӣ намуда, оид ба нақши фармони Президент дар хусуси вокуниши мансабдорон ба мақолаҳои интиқодӣ маърӯза ироа кард. Номбурда саҳми фармони мазкурро дар ҷиҳати масъулияхоҳ шудани мақомот барои ислоҳи камбудиву норасоиҳое, ки аз ҷониби матбуот инъикос мешавад, махсус қайд намуд.
Қироншоҳ Шарифзода, устоди факултет ва яке аз аввалин муҳаққиқони нашрияи “Бухорои Шариф” дар хусуси таърихи ба вуҷуд омадани рӯзномаи зикршуда суханронӣ кард. Устод Қироншоҳ Шарифзода оид ба омилҳои пайдоиши “Бухорои Шариф” ва самти фаъолияти он маълумот дода, қайд намуд, ки рӯзномаи “Бухорои шариф” бар асоси шакли моликият ва муҳтавою самти фаъолияташ ба гуруҳи матбуоти мустақил ва хусусӣ дохил мешавад.
Хуршед Атовулло, раиси Шӯрои ВАО ва муассиси ҳафтаномаи “Фараж”, ки дар мавзуи “Вазъи имрӯза ва нашрияҳои мустақили Тоҷикистон” суҳбат мекард, гуфт, матбуоти мустақил бо буҳрони иқтисодие, ки домангираш аст, рӯ ба рӯ аст ва бо мушикилоти зиёд чоп мешавад. Ба гуфтаи ӯ, андози зиёд, кам шудани аудиторияи матбуоти мустақил, қимат шудани коғази чоп омилҳое ҳастанд, ки миёни матбуоти мустақилро шикастаанд. Проблемаҳои зикшуда мушкилоти ҷиддие ҳастанд, ки метавонанд дар оянда боиси қатъи фаъолияти матбуоти мустақил шаванд. Хуршед Атовулло ҳамчунин дар хусуси касбияти журналистони ҷавон изҳори назар карда, пешниҳод кард, ки донишҷӯёни факултет бояд дар баробари навиштан дигар паҳлуҳои кори журналистӣ, бахусус кор дар сомонаҳоро азхуд кунанд. Ба андешаи ӯ, аксари идораҳои ВАО имрӯз ба журналистоне ниёз доранд, ки онҳо ҳам кор дар интернет ва ҳам дар матбуотро донанд.
Пофессор Мурод Муродӣ низ оид ба заминагузории “Бухорои Шариф” барои ташаккули минбаъдаи матбуоти тоинқилобии тоҷик ва баъди инқилобии тоҷик суханронӣ намуда, саҳми нахустрӯзномаи тоҷикро дар таҳаввул ва ташаккули матбуоти тоҷик махсусан тазаккур дод.
http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13271-bukhoroi-sharif-va-saba-oi-on.html
«ЛЖЕбеженеЦ»
Ғарибию ғарибию таҳаммул,
Агар хоре бинам, номаш ниҳам гул. Читать далее «ЛЖЕбеженеЦ»
Аксияи «Азия-Плюс» барои бонувони меҳрубон
Ба муносибати ҷашни Рӯзи байнулмилалии занон ва Рӯзи модарон Ширкати телевизиону радиои «Азия-Плюс» дар ҳамдастӣ бо Раёсати БДА-и шаҳри Душанбе рӯзи 7 март аз соати 9:00 то 12:00 аксия баргузор мекунад. Читать далее Аксияи «Азия-Плюс» барои бонувони меҳрубон
Муҳокимаи шикояти як зан алайҳи «Танин» дар додгоҳ. ВИДЕО, САДО
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 2 март ба баррасии парвандаи маъмурии як сокини маҳаллӣ алайҳи телевизиони хусусии “Танин” шурӯъ кард. Баҳс аз он ҷо шурӯъ шуд, ки дар як барномаи ин телевизион марде дар бораи масъалаҳои оилаи худ нақл карда, ҳамсари аввалашро бидуни бурдани номаш дар мушкилоти хонаводагӣ айбдор кард. Вале ин зан гуфт, иштибоҳи телевизион буд, ки чеҳраи ҳамсари ӯро намоиш дод ва бо ин роҳ ба шаъну эътибори ин зан латма зад. Читать далее Муҳокимаи шикояти як зан алайҳи «Танин» дар додгоҳ. ВИДЕО, САДО
Маҷалаи «Бонувон Хатлон» нашр мешавад
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят бахшида ба “Соли ҷавонон” маҷаллаи «Бонувони Хатлон» таъсис ёфт, ки аввалин шуморааш рӯзи 7-уми март, як рӯз пеш аз Рӯзи Модар ва дар арафаи Рӯзи матбуот ба дасти хонанда мерасад. Читать далее Маҷалаи «Бонувон Хатлон» нашр мешавад
Вазири фарҳанг: Замони аз тайёрхӯрӣ даст кашидани ВАО-и давлатӣ фаро расидааст
Вазир бар ин назар аст, ки онҳо бояд дар шароити иқтисоди бозорӣ кор карданро биомӯзанд.
Читать далее Вазири фарҳанг: Замони аз тайёрхӯрӣ даст кашидани ВАО-и давлатӣ фаро расидааст