Имрӯз ба хотири 105-солагии нахустин нашрияи тоҷикӣ — “Бухорои Шариф” дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи матбуот конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони ««Бухорои Шариф» ва сабақҳои он» баргузор гардид.
Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултети журналистика сароғоз меҳмонон ва донишҷӯёнро барои ширкат дар ин конференсияи илмӣ-амалӣ хушомадед гуфта, таъкид кард, ки чорабинии мазкур идомаи силсилавохӯриҳои донишҷӯён ва устодон бо нашрияҳои давлативу ғайидавлатӣ аст.
Сипас мудири кафедраи матбуот Наргис Усмонова суханронӣ намуда, оид ба нақши фармони Президент дар хусуси вокуниши мансабдорон ба мақолаҳои интиқодӣ маърӯза ироа кард. Номбурда саҳми фармони мазкурро дар ҷиҳати масъулияхоҳ шудани мақомот барои ислоҳи камбудиву норасоиҳое, ки аз ҷониби матбуот инъикос мешавад, махсус қайд намуд.
Қироншоҳ Шарифзода, устоди факултет ва яке аз аввалин муҳаққиқони нашрияи “Бухорои Шариф” дар хусуси таърихи ба вуҷуд омадани рӯзномаи зикршуда суханронӣ кард. Устод Қироншоҳ Шарифзода оид ба омилҳои пайдоиши “Бухорои Шариф” ва самти фаъолияти он маълумот дода, қайд намуд, ки рӯзномаи “Бухорои шариф” бар асоси шакли моликият ва муҳтавою самти фаъолияташ ба гуруҳи матбуоти мустақил ва хусусӣ дохил мешавад.
Хуршед Атовулло, раиси Шӯрои ВАО ва муассиси ҳафтаномаи “Фараж”, ки дар мавзуи “Вазъи имрӯза ва нашрияҳои мустақили Тоҷикистон” суҳбат мекард, гуфт, матбуоти мустақил бо буҳрони иқтисодие, ки домангираш аст, рӯ ба рӯ аст ва бо мушикилоти зиёд чоп мешавад. Ба гуфтаи ӯ, андози зиёд, кам шудани аудиторияи матбуоти мустақил, қимат шудани коғази чоп омилҳое ҳастанд, ки миёни матбуоти мустақилро шикастаанд. Проблемаҳои зикшуда мушкилоти ҷиддие ҳастанд, ки метавонанд дар оянда боиси қатъи фаъолияти матбуоти мустақил шаванд. Хуршед Атовулло ҳамчунин дар хусуси касбияти журналистони ҷавон изҳори назар карда, пешниҳод кард, ки донишҷӯёни факултет бояд дар баробари навиштан дигар паҳлуҳои кори журналистӣ, бахусус кор дар сомонаҳоро азхуд кунанд. Ба андешаи ӯ, аксари идораҳои ВАО имрӯз ба журналистоне ниёз доранд, ки онҳо ҳам кор дар интернет ва ҳам дар матбуотро донанд.
Пофессор Мурод Муродӣ низ оид ба заминагузории “Бухорои Шариф” барои ташаккули минбаъдаи матбуоти тоинқилобии тоҷик ва баъди инқилобии тоҷик суханронӣ намуда, саҳми нахустрӯзномаи тоҷикро дар таҳаввул ва ташаккули матбуоти тоҷик махсусан тазаккур дод.
http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13271-bukhoroi-sharif-va-saba-oi-on.html