Ҳукумати вилояти Хатлон ба модарон дар баробари туҳфаҳои хотирави маҷаллаи «Бонувони Хатлон» тақдим кард

Нахустин маҷаллаи сирф барои занону бонувон имрӯз аз дасти чоп баромад ва ба дасти хонандагони Хатлонӣ расид.

Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Хатлон дар суҳбат ба мониторинги АМВАОМТ дар Хатлон гуфт, ки дар баробари туҳфаҳои хотиравӣ ба занону духтарони фаъол онҳо як нусхагӣ аз шумораи аввали «Бонувони Хатлон»-ро тақдим кардаанд.

Хабари нашри ин маҷалларо ҳафтаи пеш тасдиқ карда буданд, ки як рӯз қабл аз иди модарон бо теъдоди 1000 нусха ба чоп расид. Гуфта мешавад, ки дар оянда вобаста ба талаботи хонандагонаш маҷалла бо теъдоди бештар нашр хоҳад шуд.

Тибқи иттилои расмӣ дар ин маҷаллаи вилояти, ки муассисаш ҳукумати вилоят ва идораи кор бо занон мебошад 6 воҳиди корӣ барои шаш нафар хабарнигори вилояти Хатлон фароҳам оварда шудааст, ки гуфта мешавад хабарнигорони хоҳишманд метавонад барои кор кардан муроҷиат кунанд.

«Бонувони Хатлон» нахустин маҷалла дар вилоят барои занону духтарон аст, ки ранга ба дасти чоп расида, бештар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии занону духтарони фаъолро инъикос мекунад. Дар шумораи аввал маҷалла, ки дар арафаи иди модарон ба нашр расидааст, аз ҳаёти занони фаъол бештар мақолаҳои мунташир намуда, табрикоти роҳбарияти аввали вилояти Хатлон низ ҷой дда шудааст.

Хадамоти мониторингии АМВАОМТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *