Рӯзи 10-уми март соати 14:00 дар идораи ҳафтаномаи «Оила” маросими ҷоизасупорӣ ба ғолиби озмуни «Ягона аз даҳгона» Заринаи Тағоймрод баргузор гашт. Читать далее Ғолиб эълон шуд
Все записи автора nansmit
МАРОМИ МАТБУОТ. СОЗАНДАГИСТ
Сухан дар пиндор ва фаҳмиши мардуми фарҳангпарвари мо ҳамеша мақоми арзанда дошту дорад. Аз ин рӯ эътимоду эҳтироми тоҷикон ба сухан ва суханварон табииву азалист. Читать далее МАРОМИ МАТБУОТ. СОЗАНДАГИСТ
Ҷашни матбуот: 9 рӯзноманигор ҷоизаи Лоҳутӣ гирифт
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар арафаи рӯзи матбуот, ки ҳамасола 11-уми март таҷлил мешавад, соҳибони ҷоизаи Абулқосим Лоҳутиро дар соли равон эълон карданд.
Ҷоизаи Лоҳутӣ дар бахши матбуот, телевизион, радио ва илм имрӯз, 10-уми март дар шаҳри Душанбе ба 9 нафар тақдим гардид: “Ҷоизаи Лоҳутӣ дар бахши матбуот ба Бобоҷон Икромов, Носирҷон Маъмурзода, Умаралӣ Сафаралӣ, Ёқубҷон Абдуманонов, дар бахши илм Абдусаттор Нуралиев, Сангин Гулов, дар бахши телевизион Абдумаҷид Ҳакимзода, Набиҷон Набизода ва дар бахши радио ба Ҳабиб Мақбулов супорида шуд”.
Инчунин имрӯз ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ ба 8 рӯзноманигори ҷавон тақдим гардид.
Телевизиони нави Тоҷикистон “7 ситора” расман фаъол шуд
Дар шаҳри Хуҷанд телевизиони нав бо номи «Ҳафт ситора» расман ба пахши барномаҳояш шуруъ кард. Ин шабакаи нави телевизионӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд намоишҳои озмоишии худро ҳанӯз дар оғози моҳи январ шуруъ карда буд.
Читать далее Телевизиони нави Тоҷикистон “7 ситора” расман фаъол шуд
Академияи ВАО: Ҷаласа бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик
Субҳи имрӯз, 10-уми март, дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Академияи Васоити ахбори омма»-и Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки рӯзноманигорони соҳибтаҷриба ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ҳамоиш баргузор гардид. Читать далее Академияи ВАО: Ҷаласа бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик
Хабарнигорони Суғд суръати интернети “МегаФон Тоҷикистон”-ро санҷиданд
Кормандони ВАО-и Хуҷанд суръат ва сифати интернети мобилии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”-ро дар ноҳияи Спитамен санҷиданд. Читать далее Хабарнигорони Суғд суръати интернети “МегаФон Тоҷикистон”-ро санҷиданд
ХАНДАҲОИ ҲУЗНАНГЕЗ
Дар арафаи ҷашни матбуоти тоҷик ба хотир овардани нафароне, ки имрӯз дар байни мо нестанд, амали нек аст. Рӯзноманигор Ҷумъаи Мирзо чанд хотираи хушеро аз ҳамкасбони шодравон ҷамъ овардааст, ки як боби китоби нави муаллиф «Шаҳди ханда»-ро ташкил додаанд. Чанд намуна аз ин китобро пешниҳоди хонандагони арҷманд мегардонем. Читать далее ХАНДАҲОИ ҲУЗНАНГЕЗ
Хабарнигори «Фараж» сазовори ҷои аввал гардид
Дар арафаи 105-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик дар шаҳри Панҷакент хабарнигори «Фараж» дар водии Зарафшон сазовори ҷои аввал гардид. Читать далее Хабарнигори «Фараж» сазовори ҷои аввал гардид
Эҳсоси мухталиф аз ҷашни матбуоти тоҷик. ВИДЕО
Маросими таҷлил аз 105-умин солгарди матбуоти тоҷик, ки бо тақдими ҷоиза ба журналистону расонаҳои маҳаллӣ ҷараён гирифт, барои бисёре аз хабарнигорон барои ошкор кардани дардҳои матбуоти имрӯзаи тоҷик баҳонае шуд.Онҳо гуфтанд, ин ҷашни муҳим дар ҳоле таҷлил мешавад, ки матбуоти тоҷик бахусус дар як соли ахир дучори бӯҳрон шудааст. Агар як далелаш иқтисодиву молӣ бошад, далели ҷиддии дигараш – сиёсист ва ба таҳаввулоти ахири Тоҷикистон мустақим рабт дорад.
Журналист Хилватшоҳи Маҳмуд мегӯяд, аксари расонаҳо бо сабаби мушкили молӣ бо масъалаи камбуди хабарнигорони ҳирфаӣ рӯбарӯ ҳастанд. Матбуоти тоҷик, ба гуфтаи ӯ, бо он ҳоле ки дорад, талаботи хонандаро қонеъ намекунад. “Зеро дар як ҳафта як бор нашр шудан ва он ҳам бо теъдоди кам ва ҷои матбуотро танг кардани расонаҳои онлайнӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ нишонае аз ин мушкилот аст. Аммо мӯҳтавои матолиби нашршуда ҳам дар матбуоти Тоҷикистон тайи 2-3 соли ахир як каме поин рафтааст”, — афзуд ӯ.
Аксари хабарнигорони расонаҳои мустақил мегӯяд, мушкил шудани дастрасӣ ба маълумот, бахусус, иттилои расмӣ боис ба поин рафтани сифати матолиби нашрияҳо ва кам гаштани теъдоди нашри рӯзномаву ҳафтаномаҳо шудааст. Ин вазъ, пеш аз ҳама, сардабирону аҳли қаламро нигарон мекунад. Хабарнигори дигар Сафарбеки Кабир аз таҷрибаи худ мегӯяд, “мақомот ва сохторҳои давлатӣ бо ҳар баҳона аз додани иттилоъ ба расонаҳои ғайридавлатӣ худдорӣ мекунанд”.
Кори расонаҳои хабарӣ, ба вижа нашриёти хусусиро афзоиши хидматрасониҳо барои чоп ва маҳсулоти чопӣ, ки маъмулан аз хориҷи кишвар ворид мешавад, мушкилтар кардааст. Ин мояи нигаронии ҷиддии нашрияҳо гаштааст, ки тайи як соли ахир теъдоде аз нашрияҳо то 50 дарсад хонандаи худро аз даст додаанд.
Журналист Ҷумъаи Мирзо мегӯяд, “имрӯз натанҳо теъдоди нашри рӯзномаҳо кам шудааст, балки худи рӯзномаҳо аз байн мераванд. Масалан, тӯли як соли ахир нашрияҳои “Нигоҳ”, “Вечерний Душанбе” ва чанд нашрияҳои соҳавӣ аз сабаби тоб наовардан ба рақобати буҳрони молӣ маҷбур шуданд, фаъолияти худро қатъ кунанд.”
Нашрияҳои давлатии Тоҷикистон дар як соли ахир низ дар вазъи начандон хуби молӣ қарор доранд. Вазорати молия дар буҷаи соли 2017 сармоягузорӣ аз буҷаи давлат ба ин нашрияҳоро камтар кард, ки боис ба теъдоде аз нашрияҳои давлатӣ қатъ кардани ҳаққи қалам шуд. Теъдоди дигари нашрияҳои давлатӣ аз ҳисоби обуна ва даромадҳои дохилӣ ҳаққи қалами кормандони худро пардохт мекунад, ки низ ба вазъи молии он нашрияҳо бетаъсир намондааст.
Тоҷикистон соли гузашта дар як раддабандии байналмилалии озодии матбуот якбора 34 зина поин рафта ва созмони «Гузоришгарони бидуни марз» вазъи матбуоти Тоҷикистонро «дар ҳолати як рукуди хатарнок» тасвир карда буд. Ин созмон гуфта буд, ки мақомот бо баҳонаи мубориза бо терроризм, мухолифони сиёсиро аз байн бурда, фишорро болои матбуоти мустақил афзоиш додаанд.
БАРРАСИИ ВАЗЪИ 105 – СОЛАИ МАТБУОТИ ТОҶИК
Дар арафаи таҷлили 105 — солагии матбуоти тоҷик бо ибтикори Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодони факултети журналистикаи ДМТ конфронси илмӣ — амалӣ баргузор гардид. Читать далее БАРРАСИИ ВАЗЪИ 105 – СОЛАИ МАТБУОТИ ТОҶИК