Академияи ВАО: Ҷаласа бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик

Субҳи имрӯз, 10-уми март, дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Академияи Васоити ахбори омма»-и Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки рӯзноманигорони соҳибтаҷриба ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ҳамоиш баргузор гардид.

Зинатуллоҳ Исмоилзода, директори Муассисаи давлатии «Академияи ВАО» ҳозиринро хайрамақдам гуфта, матбуотро ҳамчун сароғози журналистикаи тоҷик маънидод намуд.

Қироншоҳ Шарифзода, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зимни маърӯзаи худ дар мавзӯи «Назаре ба 105 соли матбуоти тоҷик» аз таърихи ба вуҷуд омадани ВАО-и тоҷик, ки аз замони таъсиси нашрияи «Бухорои Шариф» сарчашма мегирад ва пешрафту дастовардҳои он давоми беш аз як аср ёдовар гардид.

Иршод Сулаймонӣ, сардабири ҳафтаномаи мустақили «Озодагон» дар мавзӯи «Баъзе мушкилот ва гароишҳои журналистикаи тоҷик» баромад намуда, паҳлуҳои гуногун ва мушкилоту пешравиҳои журналистикаи муосирро таҳлил намуд.

Доктори илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи матбуоти Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Шариф Муллоев бо маърӯзаи «Назаре ба таърихи инкишоф ва ҷойгоҳи имрӯзаи фаъолияти рекламаҳо дар Тоҷикистон» баромад намуда, бобати рушд ва истифодаи реклама дар ВАО-и Тоҷикистон сухан гуфт.

Ба гуфтаи Шариф Муллоев, ҳануз дар замони нашрияи «Бухорои Шариф» дар саҳифаҳои он маводи тарғиботӣ, аз қабили эълону реклама, доду гирифт ва сифати молҳо барои истеъмолкунандагон, вуҷуд доштанд.

Гуфта шуд, таърихи матбуоти тоҷик аз нашри аввали рӯзномаи «Бухорои Шариф» оғоз ёфта, давоми фаъолияти беш аз садсолааш ба пешравию комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар анҷоми чорабинӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ба 50 нафар кормандони ВАО-и кишвар, ки дар дарсҳои такмили ихтисос ва машғулиятҳои омӯзишии Академияи ВАО-и Тоҷикистон иштирок доштанд, сетификатҳо супорида шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки Муассисаи давлатии «Академияи ВАО»-и Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2016 ба фаъолият оғоз намудааст, ки ҳадафи он такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони ВАО-и кишвар мебошад.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13312-akademiyai-vao-alasa-bakhshida-ba-r-zi-matbuoti-to-ik.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *