Дар арафаи таҷлили 105 — солагии матбуоти тоҷик бо ибтикори Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодони факултети журналистикаи ДМТ конфронси илмӣ — амалӣ баргузор гардид.
Дар конфронс директори Академия ВАО Зинатулло Исмоилзода, директори Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот Комил Шарифзода, устодони факултети журналистикаи ДМТ М. Муродӣ, А. Қутбиддинов ва М. Ҷумъаев баромад намуда, доири дурнамо ва вазъи имрӯзаи матбуоти тоҷик андешаронӣ намуданд.
Сухани ифтитоҳиро Комил Шарифзода оғоз намуда, ҳозиринро ба Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуд.
Сипас, Зинатулло Исмоилзода аз бурду бохт ва комёбиҳои 105 -солаи матбуот тоҷик ёдрас шуд. Ӯ гуфт, ки ҳарчанд имрӯз матбуоти мо то ҷое рушд карда бошад ҳам, лек бояд дар соҳаи ВАО “тағйироти ҷиддӣ” ворид кард. Аз ҷумла дар самти одоб, муошират ва такмили ихтисоси рӯзноманигорон.
Профессор М. Муродӣ зимни баромади хеш зикр намуд, ки факултаи журналистикаи ДМТ мактаби бузургест, барои омода намудани мутахассисони касбӣ.
А. Қутбиддинов, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи ДМТ низ фаъолияти бонувон ва занонро дар соҳаи журналистӣ назаррас баён намуд ва умед бар он баст, ки минбаъд низ фаъолияти бонувон пурсамар хоҳад гашт.
Дар охир миёни иштирокчиён ва устодони факултаи журналистика мубодилаи афкор сурат гирифт. Инчунин роҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон З. Исмоилзода мушкилиҳои ҷойдоштаро дар соҳаи матбуот қайд намуд ва ваъда дод, ки дар якҷоягӣ бо устодону намояндагони ВАО ин мушкилиҳоро бартараф хоҳанд кард.
http://journalism.tnu.tj/index.php/khabar-2/336-barrasii-vaz-i-105-solai-matbuoti-to-ik