Все записи автора nansmit

Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст?!

Матбуот оинаи рӯзгор аст, баробар бо замон пеш меравад ва бозгӯйи таҳаввулоту рӯйдодҳои ҷомеа аст.  Сухан силоҳи бузург аст ва онро метавон бо ҳар ҳадафе истифода бурд. Қонун, ахлоқ, озодӣ, ошкорбаёнӣ, масъулият, ҳадаф, ормон арзишҳое ҳастанд, ки рӯзноманигорони мо бо онҳо сарукор доранд. Дар атрофи ин мавзӯъҳо бо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода суҳбат оростем.
Читать далее Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст?! →

ИНСОНҲОИ БОШАРАФ

Саду панҷ соли матбуоти тоҷик савол пеш меорад, ки чиро ва киро аз бунёдгузорони он мешиносем ё шинохтан мехоҳем. Охир, бунёди матбуот ҳам мисли эъмори коху биноҳои боҳашамат, оростани боғистону токзор, сароидан, рақсидан, тамсил ва ромишгарӣ чирадастони худро дорад. Сатҳи устодони матбуот аз дигар нигорандагони эҷод, ба он фарқ мекунад, ки журналистон ба ҷуз истеъдод, эътиқоди сиёсӣ низ бояд дошта бошанд. Зеро матбуот дар навбати аввал барои фикреро гуфтан, ҳимоя ё рад кардан, истифода мешавад. Бе ин рӯзнома ё маҷалла ба коғазпораи ночизе табдил меёбад. Читать далее ИНСОНҲОИ БОШАРАФ →

АВВАЛИН ҶАШННОМАИ «ҶУМҲУРИЯТ»

Соли 1912 даҳсолагии рӯзномаи «Правда» ҷашн гирифта шуд ва аз ҳамон рӯз эътиборан, рӯзи панҷуми май ҳамчун рӯзи таъсиси ин рӯзнома то барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, яъне то моҳи декабри соли 1991 ҷашн гирифта мешуд. Аввалин китоби ҷашнномаи матбуот ин ҷашнномаи «Правда» ба муносибати таъсиси рӯзнома ба ҳисоб меравад.

Аз ҳамон вақт сар карда, дар тамоми ҷумҳуриҳои шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ Рӯзи матбуот ҷашн гирифта мешавад. Дар он рӯз маъмулан рӯзномаҳо сармақолаи худро ба мавзӯи мазкур мебахшиданд ва на танҳо дар бораи «Правда», балки дар бобати матбуоти миллӣ низ  мулоҳизаҳо ронда мешуданд. Баъдтар анъана шуд, ки дар шумораи панҷуми май, гӯша ё саҳифаҳое бахшида ба матбуоти худӣ нашр гардад.

Ҳамзамон, дар Тоҷикистон низ таҷлили зодрӯзи матбуоти маҳаллӣ анъана шуд. Яъне, дар рӯзи солгарди нашри ин ё он маҷалла силсиламатолиб дар бораи худи он нашрия ба табъ мерасид. Дертар рӯзномаҳои асосии Тоҷикистон ё тоҷикӣ, аз ҷумла «Овози тоҷик» ва «Бедории тоҷик» ба муносибати солгардашон, рисола ё китобҳоеро ҳам нашр мекарданд, ки онҳоро Ҷашннома гуфтан лозим меояд. Анъанаи ҷашнноманависӣ дар иртибот ба санаҳои бузурги нашрияҳо дар замони шӯравӣ давом мекард. Дар ин давра, аз ҷумла рӯзномаҳои «Тоҷикистони советӣ», «Коммунист Таджикистана», «Комсомоли Тоҷикистон», «Пионери Тоҷикистон» бахшида ба солгарди худ ҷашнномаҳо ва роҳнамоҳо (проспектҳо) чоп карданд. Ин анъана дар замони мо низ идома мекунад. Аз ҷумла, рӯзномаи «Ҷумҳурият»  (пештар «Иди тоҷик», «Бедории тоҷик», «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ», «Тоҷикистони шӯравӣ»)  чунин ҷашнномаҳо ба табъ расонидааст.

Аввалин Ҷашнномаи он «Ёдгории иди шашсолагии ҳаёти «Тоҷикистони сурх»» ном дошт, ки соли 1932 нашр гардидааст. Ин Ҷашннома аз қисмати умумӣ, қисмати иҷтимоӣ ва қисмати адабӣ, хотираҳо ва табрикҳо иборат мебошад. Тахмин меравад, ки дар тайёр кардани он бештар се нафар: муҳаррири рӯзнома Қосим Дайламӣ, котиби масъули он Ғуломризо Ализода ва устод Абулқосим Лоҳутӣ иштирок кардаанд. Қисми зиёди мавод, ки бо имзою бе имзост, ба онҳо тааллуқ мегирад. Дар ин Ҷашннома ду чиз бартарии зиёд пайдо кардааст: қисмати сиёсӣ ва шеър. Қисмати сиёсии он тибқи анъанаи ҳамон замон таърихи Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ, фишурдаи тарҷумаи ҳоли В. И. Ленин, таърихи мухтасари Тоҷикистони Шӯравӣ, соҳаҳои асосии Тоҷикистони ҳамон замон, яъне тағйироти инқилобӣ, муборизаи зидди босмачигарӣ, тағйироти иҷтимоӣ, мактабу маорифро дар бар мегирад.

Қисмати назм тақрибан ҳамин мавзӯъҳоро дар бар гирифтааст.

Суханҳои табрикотиро роҳбарони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, раиси Шӯрои комиссарони халқи Тоҷикистон А. Ҳоҷибоев, инчунин редаксияҳои рӯзномаҳои ҷумҳуриҳои дигар гуфтаанд. Ин се ҳолат далолат медиҳад, ки Ҷашнномаи мазкур хусусияти сиёсӣ дорад ва ҳамчун китоб рисолаест, ки дар мавзӯи сиёсӣ тайёр карда шудааст. Ҳамин чиз ҳадди муайянкунандаи ҷашнномаҳо шуда метавонад. Зеро дар ҷашнномаҳои баъдӣ ва имрӯза низ рӯҳи сиёсӣ қавӣ мебошад.

Ҷашнномаи «Ёдгории иди шашсолагии ҳаёти «Тоҷикистони сурх», ки ба сифати ёдгор аз гузаштаи ин рӯзнома ба табъ расидааст, на танҳо барои кормандони матбуоти тоҷик, муҳаққиқони журналистикаи тоҷик, донишҷӯёни риштаҳои журналистика, адабиёт ва таърих, балки барои онҳое, ки ба таърихи тамаддуни тоҷик таваҷҷуҳ доранд, низ маводи дилхоҳ медиҳад. Ҷашннома барои насли калонсоли имрӯза аз ҷонбозиҳои равшаниовари бобоҳояшон нақл мекунад ва ба ин васила имрӯзиён фарзандону наберагонашонро барои шинохти асли гузаштаи худ роҳнамоӣ менамояд.

http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=28417

ВАО. ЗАБОН ВА ТАРЗИ БАЁН БОЯД НАМУНА БОШАД

Дар замони муосир рӯзноманигорон яке аз тарғибгарони забон ва адабу фарҳанги миллати тоҷик ба шумор мераванд, зеро ҳамарӯза тавассути рӯзномаю маҷаллаҳо ва барномаҳои гуногуни радоиву телевизион навиштаю гузоришҳои онҳо пахш гардида, дастраси мардуми кишвар мегарданд. Бо пахши хабару гузоришҳо аҳли қаламу эҷод ду вазифа ё масъулияти хеле муҳимеро дар ҷомеа бар дӯш доранд.
Читать далее ВАО. ЗАБОН ВА ТАРЗИ БАЁН БОЯД НАМУНА БОШАД →

ҲАҚИҚАТИ БЕБАҲС

Бӯринисо Бердиева аввалин ва ягона бонуест, ки дар зарфи 24 сол вазифаи сармуҳарририи рӯзномаи «Маориф ва маданият» (ҳоло «Омӯзгор») — ро ба дӯш дошт.

Басир Расо бошад, 40 сол вазифаи сармуҳарриро бар дӯш дошт. Ӯ аз соли 1964 то соли 1996 ва аз соли 1999 то рӯзҳои вопасини умраш (соли 2007) сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» буд.

«Комсомольская правда»  дар таърихи худ соли 1990 бо теъдоди бесобиқа – 22 миллион нусха аз чоп баромад.

Дар замони шӯрави рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») бо теъдоди 200 ҳазор нусха ба табъ мерасид.

Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ «Чашма» бонуфузтарин  маҷаллаи  Тоҷикистон буд, ки  бо теъдоди 500 ҳазор нусха нашр мегашт.

http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=28411

«ИДИ ТОҶИК»

Он нашрияи Бюрои ташкилии Ҳизби Коммунисти (болшевикии) ҶШС Ӯзбекистон дар ҶМШС Тоҷикистон буд. Нахустин шуморааш 15 марти соли 1925 нашр шудааст. Аз шумораи дувум, яъне аз 15 апрели соли 1925, номи «Овози тоҷик» — ро гирифт. Читать далее «ИДИ ТОҶИК» →

ЗИНАТУЛЛОҲ ИСМОИЛЗОДА: «АЗ ШЕВАҲОИ НАВ КОР БИГИРЕМ»

Яке аз воқеаҳои муҳим дар фазои иттилоотии кишвар  ин бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият пардохтани Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон мебошад. Аз фаъолияти он як сол сипарӣ шуд. Таъсиси академия дар фаъолияти ВАО — и  кишвар чӣ дигаргунӣ ворид намуд? Читать далее ЗИНАТУЛЛОҲ ИСМОИЛЗОДА: «АЗ ШЕВАҲОИ НАВ КОР БИГИРЕМ» →

МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ. АЗ КАМҲАВАСИИ КАДРҲО ТО ФАРСУДАГИИ УСУЛҲОИ ИДОРӢ

Аз рӯи таҳлили коршиносон имрӯз эҷодкорони расонаҳои музофотӣ ба такмили ихтисос ниёз доранд. Ин раванд тақозои журналистикаи замони муосир аст. Дар акси ҳол, расонаҳои маҳаллӣ дар пасманзари инкишофи босуръати ВАО — и ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ рақобатпазирии худро аз даст дода, рушд намекунанд. Читать далее МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ. АЗ КАМҲАВАСИИ КАДРҲО ТО ФАРСУДАГИИ УСУЛҲОИ ИДОРӢ →

Барои таъсиси нашрия маълумотнома аз КДАМ ҳатмӣ шуд. САДО

Барои таъсиси нашриёт, матбаа ва ё нашрияи даврӣ дар Тоҷикистон минбаъд маълумотномаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ зарур хоҳад буд. Ин талабот дар “Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ” зикр шудааст. Читать далее Барои таъсиси нашрия маълумотнома аз КДАМ ҳатмӣ шуд. САДО →

Нақши матбуот дар замони муосир назаррас аст

Имрӯз, 10 марти соли равон дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт 105-умин солгарди Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта шуд. Читать далее Нақши матбуот дар замони муосир назаррас аст →