«ИДИ ТОҶИК»

Он нашрияи Бюрои ташкилии Ҳизби Коммунисти (болшевикии) ҶШС Ӯзбекистон дар ҶМШС Тоҷикистон буд. Нахустин шуморааш 15 марти соли 1925 нашр шудааст. Аз шумораи дувум, яъне аз 15 апрели соли 1925, номи «Овози тоҷик» — ро гирифт.

Аз 8 октябри соли 1928 бо  номи «Тоҷикистони сурх» табъу нашр мешуд. Баъдан, номи ин рӯзнома борҳо тағйир ёфтааст.

Муҳаррирони солҳои аввали рӯзнома Аббос Алиев, Нисор Муҳаммадов, С. Абдуллоев, Саидбоҳир Қосимов, Абулқосим Лоҳутӣ, Қосим Дайламӣ, А. Исмоилзода, Меҳдӣ Тахмосов, Муҳаммад Мусовӣ ва дигарон буданд.

«Иди тоҷик» дар таблиғи бунёди бузургтарин сохтмонҳои вақти Тоҷикистон саҳми бузург гузошта, дар саҳифаҳои худ муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳонро инъикос менамуд.

http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=28411

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *