Дар арафаи 105-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик дар шаҳри Панҷакент хабарнигори «Фараж» дар водии Зарафшон сазовори ҷои аввал гардид.
Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода рӯзноманигоронро бо иди касбиашон табрик намуда, аз фаъолият ва ҳамкории журналистон изҳори қаноатмандӣ намуд.
— Нақши матбуот дар баррасии масъалаҳои ҷомеа, расонидани иттилоот ба мардум хеле назаррас аст. Мо ҳамеша бо рӯзноманигорон дар ҳамкорӣ ҳастем ва ҳамеша онҳоро қабул мекунему ба саволҳояшон посух медиҳем,- гуфт ҷаноби Зиёзода.
Дар ҷамъомади идона бахшида ба Рӯзи матбуот ҳамчунин собиқадорони соҳаи матбуот изҳори андеша намуданд. Дар охир озмуни шаҳрии «Водии зарнисор», ки ҳанӯз 2 сол қабл таъсис ёфта буд, ҷамъбаст гардид ва ба ғолибону рӯзноманигорон туҳфаҳо ва сипосномаҳо инъом гардид.
Дар ин озмун хабарнигори «Фараж» дар водии Зарафшон Шоҳин Облоқулзода сазовори ҷои аввал ва туҳфаи ҳукумати шаҳри Панҷакент гардид. Инчунин, хабарнигори «СССР» Хуршед Фозилов сазовори мукофот шуд.
http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13306-khabarnigori-farazh-sazovori-oi-avval-gardid.html