Вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи реклама” ҷонибдорӣ карданд. Читать далее Сарпарастии барномаҳои иттилоотӣ дар телевизионҳо манъ шуд (ВИДЕО)
Все записи автора nansmit
Лабораторияи медиа ва навгониҳои иҷтимоӣ дар Душанбе
Имрӯз котиб-ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов ва сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард ба Лабораторияи медиа ва навгониҳои иҷтимоӣ, ки тӯли се рӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Читать далее Лабораторияи медиа ва навгониҳои иҷтимоӣ дар Душанбе
Латукӯби сардабир аз ҷониби корманди ҳукумат
15-уми май дар ҷараёни чорабиние, ки дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ховалинг оид ба Рӯзи оила баргузор гардид, мудири бахши занон ва кор бо оилаи ноҳияи Ховалинг Сафарова Гулҷаҳон сардабири рӯзномаи маҳаллии «Ҳақиқати Ховалинг» Назарова Мавлударо мавриди лату кӯб қарор дода, бо суханони қабеҳ дашном додааст. Читать далее Латукӯби сардабир аз ҷониби корманди ҳукумат
Барои хабар надодан дар бораи ҷиноят журналист маҳкум шуд
Суд рӯзноманигори хабаргузории мустақилро 2800 доллар ҷарима кард.
Читать далее Барои хабар надодан дар бораи ҷиноят журналист маҳкум шуд
Абдуқодири Абдуқаҳҳор ғолиби озмуни Ҳайдар Алиев шуд
Озмун миёни рӯзноманигорон барои маводи беҳтарин дар мавзӯи “Ҳайдар Алиев — созанда ва меъмори Озарбойҷони муосир”, ки ҳамасола аз ҷониби Сафорати Озарбойҷон дар Тоҷикистон баргузор карда мешавад, ҷамъбаст гардид. Читать далее Абдуқодири Абдуқаҳҳор ғолиби озмуни Ҳайдар Алиев шуд
Муҳиддин Идиев барандаи Ҷоизаи Муродуллоҳ Шерализода шуд
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо баргузории як озмун бо номи «Сад сатр аз одаму одамгарӣ» номи барандаи онро, ки Ҷоизаи Муродулоҳ Шерализода унвон шудааст, дар маросими ботантана эълон кард. Читать далее Муҳиддин Идиев барандаи Ҷоизаи Муродуллоҳ Шерализода шуд
Идиев-нахустин барандаи ҷоизаи ба номи Шерализода (АКС)
Муҳиддин Идиев, рӯзноманигори тоҷик, барандаи Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи “Тоҷикистон” — Нишони сарисинагии ба номи Муродуллоҳи Шерализода ва 2000 сомонӣ гардид.
Одили Нозир, масъули баргузории озмун ба “Озодагон” гуфт, маросими тақдими Ҷоизаи махсуси ба номи Муродуллоҳ Шерализода шоми 6-уми май зимни як чорабинӣ дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси Душанбе” баргузор шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар озмуни имсола беш аз 50 нафар ширкат кардаанд: “Муҳиддин Идиев бо навиштани матлаби “Некиро некӣ ҷавоб” бошад ғолиби озмун гардид”.
Ин Ҷоиза соли 2016 аз ҷониби Гурӯҳи муассисон ва мушовараи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” таъсис ёфта, таҳти унвони “Сад сатр аз одаму одамгарӣ” тӯли ду моҳ идома дошт.
Шариф Ҳамдампур — сармуҳаррир ва раиси гурӯҳи мушовирони “Тоҷикистон” зимни супоридани нишон изҳор доштааст, ки ҷоизаи мазкур барои гиромидошти хотири журналистони қурбоншуда дар замони ҷанги шаҳрвандӣ таъсис ёфта, соле як маротиба ба беҳтарин қаламкаш супорида мешавад.
Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳи Шерализода нишони сарисинагӣ буда, ҳамасола бо эълони озмун дар мавзӯи мушаххас ва натиҷагирӣ аз он ба ғолиб эъто мегардад.
http://www.ozodagon.tj/index.php?newsid=29952
Муҳиддин Идиев аввалин соҳибҷоизаи «Тоҷикистон» гашт
Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба номи Муродуллоҳи Шерализода имрӯз зимни як чорабинии мутантан дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси» Душанбе ба рӯзноманигор Муҳиддин Идиев тақдим карда шуд. Читать далее Муҳиддин Идиев аввалин соҳибҷоизаи «Тоҷикистон» гашт
Изҳороти «Ховар» оид ба «Полки абадӣ» мантиқӣ аст
Роҷеъ ба масъалаи баргузор нагардидани чорабинии аксияи «Полки абадӣ» маводи таҳлилие, ки аз ҷониби Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» пешниҳод шудааст, мувофиқ ва ҷавобгуи манфиатҳои миллӣ мебошад. Дар изҳороти агентии мазкур сабабҳои баргузор нагардидани ин чорабинӣ аниқу дақиқ нишон дода шудааст, ки мантиқӣ буда, аз ҷонибдории манфиатҳои миллии кишвар садо медиҳанд. Читать далее Изҳороти «Ховар» оид ба «Полки абадӣ» мантиқӣ аст
Ҳукумати электронӣ: Таҷдиди назар бояд!
Озодии баён чист? Ҳукумати электронии арсаи ҷаҳонишавӣ моро ба куҷо мебарад? Ҷомеашиносон нисбати фаъолияти Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон чӣ назар доранд? Инсоф куҷост, эй мардум!? Теша ба решаи миллат назанем! Генералҳои бознишаста Амирқул Азимов ва Саиданвар Камолов ба эҳтиром сазоворанду лоиқи тақдир, на ба таҳқир… Чанд пешниҳод ба қавонини амалкунанда ва Қонун «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбории омма». Читать далее Ҳукумати электронӣ: Таҷдиди назар бояд!