15-уми май дар ҷараёни чорабиние, ки дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ховалинг оид ба Рӯзи оила баргузор гардид, мудири бахши занон ва кор бо оилаи ноҳияи Ховалинг Сафарова Гулҷаҳон сардабири рӯзномаи маҳаллии «Ҳақиқати Ховалинг» Назарова Мавлударо мавриди лату кӯб қарор дода, бо суханони қабеҳ дашном додааст.
Сафарова Гулҷаҳон бо ин қаноат накарда, падарашро, ки нӯшокии спиртӣ нӯшида будааст, ба манзили истиқоматии Назароваҳо равон кардааст, то «алови чашми» Назарова Мавлуда ва модари пири ӯро гирад. Худи Сафарова Гулҷаҳон ҳамон шаб роҳбарияти ноҳияро аз ин қазия огоҳ накарда, барои шикоят ба ташкилоту идораҳои болоӣ ба шаҳри Душанбе рафта, давоми се рӯз дар пойтахти кишвар мондааст.
Дар суҳбат бо мо прокурори ноҳияи Ховалинг Сангакзода Ғанӣ иброз кард: «Дар ҳақиқат, аввал аз номи Сафарова Гулҷаҳон ба унвони ман ариза ворид шуда буд. Имрӯз аз номи Назарова Мавлуда низ ариза оид ба латукӯб шуданаш ворид гардид, ки мо онро дар чорчӯбаи қонун дида мебароем».
Аз рӯи хабари манбаъ, аввал Сафарова Гулҷаҳон корманди нашрия Амиршоева Мунираро дар ҷараёни маҳфил тела додааст ва баъдан, вақте ки муовини соҳавии раиси ноҳия Аҳророва Гулбарг аз кирдорҳояш ва қариб 1,5 соат дер оғоз кардани маҳфил аз ӯ эрод гирифтааст, қасди Исоро аз Мӯсо гирифта, ба Назарова Мавлуда дарафтодааст.
http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13943-latuk-bi-sardabir-az-onibi-kormandi-ukumat.html