Имрӯз котиб-ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов ва сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард ба Лабораторияи медиа ва навгониҳои иҷтимоӣ, ки тӯли се рӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.
Ин чорабинӣ, ки бо кӯшиши якҷояи Академияи «ВАО»-и Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии байналмиллалии «Фидокор», намояндагии Интернюс дар Осиёи Марказӣ ва Ассотсиатсияи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ (АРГО) аз Қазоқистон баргузор гаштааст, зиёда аз 90 коршиносон, намояндагони ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандиву мутахассисони соҳаи технологияҳои коммуникатсиониро аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба ҳам овардааст, то онҳо тавонанд оид ба истифодаи абзорҳои онлайнӣ ва барномаҳои мобилӣ дар фаъолияти ВАО-и маҳаллӣ ва дигар ибтикороти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва муҳитзистӣ, ки ба беҳтар сохтани дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот равона шудаанд, ҳамкориро ба роҳ монанд.
Иштирокчиёни Лабораторияи АРГО ба омӯхтану паҳн намудани усулҳои инноватсионӣ ва роҳу воситаҳое машғул хоҳанд шуд, ки ба созмонҳои ҷамъиятӣ имкон медиҳад натиҷаҳои муҳими иҷтимоиро дар фаъолияти худ ба даст оранд. Иштирокчиёни лаборатория оид ба тарҳрезии лоиҳаҳои инноватсионӣ донишу малакаи нав пайдо карда, таҷрибаи беҳтарини истифодаи навгониҳои иҷтимоиро муҳокима мекунанд ва доир ба пиёдасозии идеяҳои лоиҳавии худ аз коршиносони соҳа маслиҳат мегиранд. Ин лоиҳаҳои инноватсионӣ дар оянда метавонанд дар озмун барои гирифтани бурсҳо ширкат намоянд.
Ҳамзамон, дар чорчӯбаи Лабораторияи Internews нӯҳ даста аз се кишвари ҳамҷавор консепсияи лоиҳаҳои инноватсионии худро (барномаҳои мобилӣ, сомонаҳои нав, лонгрид, харитаҳои интерактивӣ ва ғайра) пешниҳод намуда, сипас бо кӯмаки мураббиёни касбӣ ин идеяҳоро такмил медиҳанд ва ба лоиҳаҳои воқеан амалишаванда мубаддал мегардонанд. Дар охир, ҳайати ҳакамони иборат аз мутахассисони ВАО ва технологияҳои коммуникатсионӣ се дастаи ғолибро интихоб менамоянд ва ин дастаҳо имкон пайдо мекунанд, ки барои амалисозии лоиҳаҳояшон ба маблағи то 2000 доллари амрикоӣ кӯмаки молӣ гиранд ва дар оянда аз машваратҳои мураббиён бархӯрдор гарданд.
Лабораторияи медиа ва навгониҳои иҷтимоӣ дар чорчӯбаи лоиҳаи Internews «Мусоидат ба дастрасӣ ба иттилоот» ва барномаи АРГО «Ҳамкорӣ баҳри навоварӣ» бо кӯмаки Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ ( USAID) ва Innovation for Change амалӣ мегардад.