Изҳороти «Ховар» оид ба «Полки абадӣ» мантиқӣ аст

Роҷеъ ба масъалаи баргузор нагардидани чорабинии аксияи «Полки абадӣ» маводи таҳлилие, ки аз ҷониби Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» пешниҳод шудааст, мувофиқ ва ҷавобгуи манфиатҳои миллӣ мебошад. Дар изҳороти агентии мазкур сабабҳои баргузор нагардидани  ин чорабинӣ аниқу дақиқ нишон дода шудааст, ки мантиқӣ буда, аз ҷонибдории  манфиатҳои миллии кишвар садо медиҳанд.

Боиси таассуф аст, ки бархе аз расонаҳои хабарии дохилӣ ба ҷои саҳмгузор будан дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди арзишҳои демократӣ ва ташаккули давлати ҳуқуқӣ, ба  иғвоангезию сиёсатбозӣ машғуланд. Расонаҳои хабарии хориҷӣ бошанд, даст ба ифроти ақлӣ зада, миллати тоҷик ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳқир намуда истодаанд. Иқдоми пешгирифтаи масъулини соҳа бобати баргузор накардани «Полки абадӣ» саривақтӣ  буда, қобили дастгирист. Зеро вазъияти амниятии мамлакатро ба ҷузъ аз мақоматҳои марбута каси дигар хубтару беҳтар дарк карда наметавонад. Бояд фаромӯш насохт, ки бархе аз  давлатҳо ва расонаҳои хабарии хориҷӣ амнитяти кишвар, ваҳдати миллӣ, ободӣ ва рушди кишвари моро намехоҳанд. Вақти он расидааст, ки ба фишорҳои берунӣ тобовар шавем ва оҳиста-оҳиста барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ истодагарӣ намоем.

Дуруст аст, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ фарзандони халқи тоҷик дар қатори намояндагони дигар халқу миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бар зидди Германияи фашистӣ ҷонбозиҳо намуда ҳазорон ҳазорон  аз онҳо дар майдони ҷанг ҳалок шудаанд. Аммо баргӯзор нагардидани аксияи «Полки абадӣ» ҳеҷ гоҳ маънии фаромӯш намудани корнамоиҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати  кишвар ва халқи тоҷикро надорад. Паради ҳарбие, ки рӯзи 9-уми май дар пойтахти мамлакат бо шукуҳи хосса баргузор мегардад,  на танҳо бахшида ба рӯзи Ғалабаи артиши сурх бар фашизм мебошад,  балки ҳамзамон ифодагари пос доштани хотираи неки қурбоёниёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад.   Гузашта аз ин, вақти он расидааст, ки марбут ба  масъалаи таълиму тарбияи рӯзноманигорони ватанӣ ҷиҳати эҳтиром ва тарғиби  арзишҳои миллӣ, дурӣ аз ғояҳои бегонапарастӣ чораҳо андешем. Рӯзноманигорони ватаниро мебояд аз манфиатҳои миллӣ пуштибонӣ намоянд ва ба дарки моҳияти масъала ва бо ба инобат гирифтани масъалаҳои амниятии сокинони кишвар андешаҳои худро баён созанд.

Дар шароити дигаргуниҳои сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир, ба амнияти кишварҳо ва сокинони он бешак ҳар лаҳза хавфу хатарҳои гуногун таҳдид менамоянд. Таҳкид намудан ба маврид аст, ки аз суботу оромии ҷомеа дида арзиши олитареро дарёфт намудан ғайри имкон аст. Ҳар иқдоме, ки масъулини соҳа пеша менамоянд, пеш аз ҳама баҳри таъмини сулҳу субот ва ваҳдати ҷомеа буда, он бояд ҳамаҷониба пуштибонӣ ёбад.  Аммо бархе аз расонаҳои хабарии дохилӣ ва  хориҷӣ ба чунин иқдоми сохторҳои дахлдори кишвари мо, ки барои таъмини амнияти ҷомеа равона шудааст,бо нияти бад нигариста, мехоҳанд дар кишвари азизи мо иғво ангезанд ва ба робитаи ҳасанаи байнидавлатии миёни Тоҷикистон ва Руссия халал расонанд.

Боиси ифтихор аст, ки сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат дар шароити соҳибистиқлолии мамлакат бар пояи манфиат ва арзишҳои миллӣ асос ёфта, ифодагари иродаи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13808-iz-oroti-khovar-oid-ba-polki-abad-manti-ast.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *