Абдуқодири Абдуқаҳҳор ғолиби озмуни Ҳайдар Алиев шуд

Озмун миёни рӯзноманигорон барои маводи беҳтарин дар мавзӯи “Ҳайдар Алиев — созанда ва меъмори Озарбойҷони муосир”, ки ҳамасола аз ҷониби Сафорати Озарбойҷон дар Тоҷикистон баргузор карда мешавад, ҷамъбаст гардид.

Дар ин чорабинӣ сафирони сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, бархе аз роҳбарони муассисаҳои давлатӣ, олимону шахсиятҳои шинохтаи кишвар ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Озмуни имсола ба 94-умин солгарди шодравон Ҳайдар Алиев бахшида шуд, ки тибқи эълони пешакӣ, ҳар як қаламбадаст метавонист то рӯзи 5-уми май маводҳои чопиашро дар бораи кору фаъолияти ин абармард ба Сафорати Озарбойҷон пешниҳод намояд.

Вобаста ба ин чорабинӣ маводҳои зиёди чопии рӯзноманигорон ба озмун пешниҳод гардид, ки аз миёни онҳо 3 нафар бо ҷоизаву туҳфаҳо ва дигарон барои иштироки фаъолонаашон ва нашри маводҳояшон дар ҳафтаномаҳову расонаҳои электронӣ бо ифтихорномаҳо қадр карда шуданд.

Дар ин озмун рӯзноманигор Абдуқодири Абдуқаҳҳор барои маводи таҳлилиаш — “Ҳайдар Алиев — бунёдгузори Озарбойҷони муосир”, ки дар ҳафтаномаи “Самак” нашр шуд, соҳиби ҷои аввал, диплом ва ноутбуки тамғаи “Леново” гардид. Ҳамчунин, Дилбар Ахмедова, ки дар сомонаи Faraj.tj мақолаи “Гейдар Алиев: человек эпохи”-ро ба табъ расонид, сазовори ҷои дуюм ва планшет дониста шуд. Абдулло Саидов (нашрияи “Халқ овозӣ”) бошад, барои маводаш — “Ҳайдар Алиев ва унинг издошлари” (“Ҳайдар Алиев ва пайравони ӯ дар «Халқ овозӣ») бо гирифтани ҷои сеюм лоиқи телефони SAMSUNG Galaxy J2 ва диплом дониста шуд.

Ёдовар мешавем, ки сафорати Озарбойҷон дар Тоҷикистон тӯли 5 соли охир бо гузаронидани озмунҳо миёни қаламбадастон вобаста ба гиромидошти солгарди собиқ Президенти Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, ёдбуди шаҳидони Хоҷалӣ ва дигар маросимҳо дар тарғиби санаҳои муҳими давлати хеш саҳм мегузорад.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13830-abdu-odiri-abdu-a-or-olibi-ozmuni-ajdar-aliev-shud.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *