Хуршедҷон Ниёзов, Раиси Шӯрои ВАО-и кишвар мегӯяд, одоби журналистони расонаҳо дар як мониторинги алоҳида бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» мавриди омӯзиш қарор гирифтааст ва он дар фурсати наздиктарин пешниҳоди ВАО хоҳад шуд.
Номбурда имрӯз, 26-уми ноябр зимни маърӯзаи худ дар ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ин нуктаро иброз намуда гуфт, давоми сол дар умум 14 шикояти расмӣ ба Шӯро аз болои журналистон ва расонаҳо ворид гардид, ки 10 адади он ба рӯзноманигорони расонаҳои мустақил рабт доранд.
Сӯҳроб Пӯлотов, ҳуқуқшиноси Шӯрои ВАО-и ҶТ дар суҳбат бо Faraj.tj гуфт, шикоятҳо бештар дар мавриди риоя нагардидани одоби журналистӣ ва саҳву хатоҳои зиёд ҳангоми таҳлилу баррасии масъалаҳо аз ҷониби нашрияҳо мебошанд.
Сӯҳроб Пӯлотов мегӯяд, аз ин шумораи шикоятҳо ба 6-тои он зарурати додани хулосаи ҳуқуқӣ ба миён омад.
Хуршедҷон Ниёзов Раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар мавриди бурду бохти яксолаи Шӯрои ВАО-и кишвар сухан кард.
Қайд карда шуд, ки бо сабаби камбудиҳои молӣ қисмате аз барномаҳои яксолаи Шӯрои ВАО ба соли оянда мононда шудааст. Гуфта мешавад, Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон соли 2009 таъсис дода шуда, мақсади он риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон», таҳлилу баррасии масоили вобаста ба журналистон, нашрияҳо ва расонаҳои аъзои он мебошад.
Мувофики оинномаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ҳар сол се нафар аз аъзои раёсат иваз карда шаванд.
Соли ҷорӣ узвияти шодравон Акбари Саттор, собиқ раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон, раҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» Шахло Акобирова ва раиси амалкунандаи Шӯро Хуршедҷон Ниёзов бояд қатъ мешуд, аммо ин маротиба Шаҳло Ақобирова ва Хуршедҷон Ниёзов дубора ба узвият пешниҳод шуданд. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ ба Шаҳло Акобирова 25 овоз тарафдор, 3 овоз зид ва ба тарафдории Хуршедҷон Ниёзов 27 нафар тарафдор ва 1 нафар зид овоз доданд ва онҳо дубора интихоб шуданд.
Инчунин, дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонии аъзои Раёсати Шӯро Хуршедҷон Ниёзов, роҳбари феълии Шӯро аз сари нав ба раисии Шӯрои ВАО-и кишвар интихоб гардид.