Имрӯз, 26-уми ноябр ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар меҳмонхонаи Лотус оғоз гардид.
Гардонандаи маҳфил Мӯсо Асозода ҷаласаро оғоз намуда, сухани навбатиро ба Раиси Шӯрои ВАО Хуршеди Атовулло дод.
Тавре хабарнигориFaraj.tj аз рафти ҷаласа иттилоъ дод, айни замон раиси Шӯро Хуршеди Атовулло ҳисоботи солонаи Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро манзури ҳозирин мегардонад.
Ҷаласаи Шӯрои ВаО-и ҶТ ҳамасола баргузор мегардад, ки барои интихоб намудани раиси нав ва аъзоёни он дар ин ҷаласа журналистон аз манотиқи кишвар иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Хуршеди Атовулло Нуриддин Қаршибоевро иваз карда буд.
http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12395-alasai-solonai-sh-roi-vao-i-to-ikiston.html