(IWPR) ба журналистон тарзи мубориза бо терроризмро меомӯзад

Намояндагии «Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ» (IWPR) дар Тоҷикистон ба журналистон омӯзиш дар мавзӯи “Стандартҳои байналхалқии инъикоси масоили ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон”-ро меомӯзонад.

«Ҳадаф аз ин омӯзиш инъикоси мавзӯҳои мубориза бо радикализм, терроризм бо стандартҳои байналмиллалӣ мебошад», — мегӯянд дастандаркорони ин лоиҳа.

Аллакай даври аввали омӯзиш барои 10 нафар журналистони вилояти Суғд гузаронида шудааст ва дар назар аст, ки барои рӯзноманигорони вилояти Хатлон, Бадахшон ва шаҳри Душанбе низ чунин семенар гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад дар семенари омӯзишӣ омилҳои гаравидани сокинон ба гурӯҳҳои тундрав ва мамнӯъ, роҳҳои фиребхӯрии ҷавонон ва мубориза бо чунин ифротиҳо омӯзонида мешавад.

Ҳамзамон ба рӯзноманигорон нозукиҳои кор бо смартфонҳоро тариқи барномаҳои гуногуни интернетӣ, ки воқеъан барои журналистон кӯмак мерасонанд, аз тарафи мутахасиси ин соҳа Аҳлиддин Салимов омӯзонида шуд.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12392-iwpr-ba-zhurnaliston-tarzi-muboriza-bo-terrorizmro-meom-zad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *