Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон дар маҷлиси солонаи худ Хуршеди Аттовуллоро барои як соли дигар раиси ин ниҳод интихоб кард.
Маҷлиси солона ё умумии Шӯрои ВАО имрӯз, 26 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, вакилон барои ба узвияти шӯро пазируфтани чор созмон – ТҶ “Қалам”, ТВ “Пойтахт”, Маркази омӯзишии “Тамаддун”, нашрияи “Тирози ҷаҳон” ва 6 журналист ризоият доданд.
Шӯрои ВАО, ки 7 соли қабл бо ҳадафи худтанзимкунии соҳаи журналистӣ таъсис ёфтааст, то ин замон 48 аъзо дошт.
http://www.ozodagon.tj/28503-hurshedi-attovullo-dubora-raisi-shroi-vao-shud.html