Муроҷиатномаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба ҳамкасбон муроҷиат карда, як масъалаи умдаро, ки асли ҳар кадом касб ба он иртибот дорад, хотирнишон ва таваҷҷуҳро ба он ҷалб кардан мехоҳад. Ҳар санади касбӣ бо мақсаде қабул карда мешавад, ки фаъолиятро барои беҳтар кардани ҳаёти ҷомеа, барои таъмин кардани озодии комил танзим намояд.

 «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти-журналистӣ дар Тоҷикистон», ки ҳафт сол пеш қабул шуда буд, низ чунин мақсад дошт. Яъне баробари таъмин кардани озодии сухани журналистӣ, масъулияти журналистонро барои гуфтани ҳақиқат, барои эҳтироми ҳамдигар ҳам муайян мекунад. Ин арзиш, аз ҷумла, ба масъалаи унвонгузории матолиб, дуруст истифода бурдани истилоҳот, истифодаи акс ва суратҳо, муносибат ба ҳангома, эҳтироми шахс ва ҳуқуқҳои он низ дахл дорад.

Хушбахтона, то ин вақт бо ҳамкории Шӯрои ВАО, ИЖТ, АМВАОМТ, «ХОМА» ва дигар созмонҳои касбии журналистӣ дар муҳити журналистии кишвар муваффақиятҳои зиёде ба даст омаданд. Навиштаҳои ВАО имрӯз зиёдтар ба ҳақиқат, ба каломи созанда, ба ҳамдигаршиносӣ, ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти давлатӣ ҳидоят мекунанд.

Мутаассифона, ёдовар бояд шуд, ки имруз ҳам дар байни ҳамкасбони мо эҷодкороне ҳастанд, ки ба моҳияти навиштаашон, ба шакли пешниҳоди матлаб, камтар эътибор медиҳанд, Дар натиҷа, матолибе ҳам нашр мешаванд, ки ба ҷомеа манфиат надоранд, баръакс, зарар расонданашон ҳам мумкин аст.

Ба назари мо менамояд, ки сабаби ин ҳолат аз ҷумла дар он нуҳуфтааст, ки матолиби ба редаксия расида, аз ҷониби кормандони масъули ВАО, аз хабарнигор то муҳаррир, таҳриру таҳлили амиқ карда намешаванд, яъне яке аз вазифаҳои матбуот — омода кардани матлаб ба нашр, риоя намегарданд. Зимнан, гуфтан лозим меояд, ки нуқси молиявӣ, камтаҷрибагии кормандони эҷодӣ набояд баҳонаи ин ҳолат шаванд.

Бояд гуфт, ки ҳолати зикршуда метавонад боиси нодуруст маънидод шудани навиштаҳои ВАО ва бархӯрди носолим нисбати сухани матбуот гардад.

Ҳамкасбони азиз!

Шӯрои ВАО шуморо даъват менамояд, ки аньанаи бойи эҷодии халқи тоҷикро сарбаландона идома, қалам ва воситаи ахбори худро тавре сайқал диҳед, ки ҳар хонанда ва ҳар хонадон навиштаатонро ҳамчун андешаи худ қабул кунад ва дар он ҳақиқат, адолат ва эҳсоси ватанпарвариро дарёбад.

(Муроҷиатнома дар Анҷумани солонаи Шӯрои ВАО қабул шудааст)

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12404-muro-iatnomai-sh-roi-vao-i-to-ikiston.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *