CPJ: Ба кори рӯзноманигорон дахолат накунед!

Дар робита ба бе “акредитатсия” мондани 6 хабарнигори Радиои “Озодӣ” Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон, (CPJ) бо нашри як изҳорот аз мақомот хостори барқарор шудани муҷаввизи 6 хабарнигори тоҷик шудааст. 

Тавре муовини раиси иҷроияи Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон Роберт Маҳони дар ин изҳорот гуфтааст, “монеъ шудан ба кори рӯзноманигорон ба монанди муқобила нишон додан барои нашри хабар онро аз назар дур намекунад, балки таваҷҷуҳи бештарро ба он ҷалб хоҳад кард. Мо аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мехоҳем, ки муҷаввизи кории 6 хабарнигорро дубора барқарор ва аз дахолат кардан дар кори расонаҳо даст кашанд”.

Қаблан дар пайи бозхонди иҷозатномаи кории 6 хабарнигори Радиои «Озодӣ» дар Душанбе аз сӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон президенти ин сомона вокуниш нишон дод. Том Кент, президенти радиои “Озодӣ” дар пайи иқдоми мақомоти тоҷик дар мавриди бозхонди иҷозатномаи кории 6 рӯзноманигори ин радио изҳори умед кард, ки мушкилоти мавҷуда ба зудӣ бартараф хоҳад шуд.

Радиои «Озодӣ» мегӯяд, ин иқдоми ВКХ дар пайи нашри хабар дар мавриди вазифаи нав гирифтани Рухшона Раҳмонова, духтари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

Бино ба гуфти ин сомона, дар ин ниҳод ном ва мақоми духтари раисиҷумҳур дар рӯйхати расмии кормандони Вазорати умури хориҷӣ дар вебсайти ин ниҳод чоп шуда, манобеи дигар ҳам хабарро тасдиқ кардаанд.

Дар пайи нашри ин хабар дар сомонаи радиои «Озодӣ, корманди дафтари радио дар Душанбе нимаи дувуми рӯзи ҷумъа ба вазорат даъват шуда ва «акредитатсия»-ашон гирифта шудааст. Ин кормандон Мирзонабии Холиқзод, Мардони Муҳаммад, Абдулло Ашӯров, Муҳаммадвафо Раҳматов, Амриддин Олимов ва Шодмони Ятим буда, ба хабари мақоми нави духтари президенти Тоҷикистон иртиботе надоштаанд.

Дар робита ба қазияи мазкур, дирӯз, 28-ноябр Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба изҳороти Том Кент, президенти радиои “Озодӣ” дар мавриди бозхонди иҷозатномаи хабарнигорони ин радио изҳорот дод.

Ин ниҳод иддаои он, ки гӯё бозхонди иҷозатномаи 6 хабарнигори радиои «Озодӣ» ба нашри хабар дар бораи мақоми нави Рухшона Раҳмонова, духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон рабт дорад, рад намуда гуфт:

“Таъинот дар ВКХ дар асоси қонун дар бораи ротатсияи хизматчиёни давлатӣ сурат гирифт ва ин ҷои пинҳонкунӣ надорад, ҳамаи тағйирот шаффоф сурат гирифт. Иттилоъ дар ин бора дар бахши сохтори сомонаи расмии ВКХ пешниҳод шудааст. Нашри хабар дар бораи мақоми нави Рухшона Раҳмонова, ки собиқаи кории 10-сола дораду фаъолиятро аз зинаҳои поёнӣ оғоз кардааст, ба бозхонди иҷозатномаи кори хабарнигорони радиои “Озодӣ” рабт надорад”.

ВКХ дар мавриди бозхонди иҷозатномаи кории хабарнигорони радиои “Озодӣ” гуфт:

“Бозхонди иҷозатнома муваққатӣ аст ва ин дар доираи низоми корӣ мебошад. Ин раванди муқаррарӣ мебошад ва эҳтимол чанд муддат пас муҷаввизи кори хабарнигорон бозпас дода мешавад. Ин раванди муқаррарии корӣ аст”.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12408-cpj-ba-kori-r-znomanigoron-dakholat-nakuned.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *