6 корманди «Озодӣ» бе «акредитатсия» шуданд

Дар пайи бозхонди иҷозатномаи кории 6 хабарнигори Радиои «Озодӣ» дар Душанбе аз сӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон президенти ин сомона вокуниш нишон додааст.

Том Кент, президенти радиои “Озодӣ” дар пайи иқдоми мақомоти тоҷик дар мавриди бозхонди иҷозатномаи кории 6 рӯзноманигори ин радио изҳори умед кардааст, ки мушкилоти мавҷуда ба зудӣ бартараф хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, сомонаи радиои “Озодӣ” мегӯяд, вазорати умури хориҷии Тоҷикистон «акредитатсия» ё муҷаввизи кори 6 хабарнигори бахши тоҷикии радиои Озодӣ дар Душанберо қатъ кардааст. Ҳарчанд вазорат шарҳи расмии тасмимашро ироа накардааст, вале масъулони Радиои Озодӣ мегӯянд, ин кор баъди нашри хабар дар бораи мақоми Рухшона Раҳмонова, духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Вазорати умури хориҷӣ, дар нимаи дувуми рӯзи 25 ноябр сурат гирифт.

Дар пайи нашри ин хабар дар сомонаи радиои «Озодӣ, корманди дафтари радио дар Душанбе нимаи дувуми рӯзи ҷумъа ба вазорат даъват шуда ва «акредитатсия»-ашон гирифта шудааст. Ин кормандон Мирзонабии Холиқзод, Мардони Муҳаммад, Абдулло Ашӯров, Муҳаммадвафо Раҳматов, Амриддин Олимов ва Шодмони Ятим буда, ба хабари мақоми нави духтари президенти Тоҷикистон иртиботе надоштаанд.

Масъулини радиои “Озодӣ” мегӯянд, баъди нашри ин иттилоъ мақомот ба хабарнигорони радиои Озодӣ дар Душанбе панҷ дақиқа мӯҳлат додаанд, то хабарро ҳазф кунанд, вагарна муҷаввизи фаъолиятро аз даст хоҳанд дод.

Ба иттилои манбаъ «акредитатсияи» журналистон баъди он қатъ карда шуд, ки радиои Озодӣ «манобеи хабарашро тафтиш карда ва тасмим гирифт, мақоларо нигоҳ дорад».

Том Кент, президенти радиои “Озодӣ” изҳори умед кардааст, ки “қарори қатъи муҷаввизи кормандони Радиои Озодӣ билофосила лағв мегардад”, зеро ба гуфтаи ӯ хабарнигорони радиои Озодӣ дар Душанбе танҳо изҳороти расмии ҳукумати Амрикоро нашр карда ва аз феҳристи расмии кормандони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон истифода намудаанд.

Радиои «Озодӣ» мегӯяд, ном ва мақоми духтари раиси ҷумҳур дар рӯйхати расмии кормандони Вазорати умури хориҷӣ дар вебсайти ин ниҳод чоп шуда, манобеи дигар ҳам хабарро тасдиқ карданд.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12402-6-kormandi-ozod-be-akkreditatsiya-shudand.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *