Конференсияи журналистону хизматчиёни давлатӣ дар Қӯрғонтеппа

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти унвони «Нақши воситаҳои ахбори омма дар инъикоси пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ» конференсия баргузор гардид.

Дар конференсия хизматчиёни давлатӣ, кормандони сохторҳои қудратию тартибот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонони фаъол ва имомхатибону  намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.

Чорабиниро, ки ба ифтихори Соли ҷавон унвон шуд, муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Солеҳамоҳ Қосимзода, ифтитоҳ намуда, гуфт, ки рӯзноманигорон аз қишрҳои фаъоли ҷомеа буда, аз пешрафт ва таҳаввулоти Тоҷикистону ҷаҳон огоҳанд ва истифода аз дониши онҳо дар тарбияи насли ҷавон ва фаҳмонидани муҳтавои Паёми Сарвари давлату ҷоннисории ӯ барои муяссар гардидан ба Ваҳдати сартосарӣ айни муддаост.

Сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон» Асалмо Сафарова зимни баромади худ қайд намуд, ки ӯ ва рӯзноманигорони миёнасол шоҳиди воқеаҳои дахшатбор ва таърихии кишвар дар замони ҷанги шаҳрвандӣ буда, он замон Тоҷикистони ободу осудаи имрӯзаро ҳеҷ тасаввур намекарданд.

«Бояд мо журналистон ва ҷомеаи Тоҷикистон ба қадри ҳаёти осоиштаю пур бирасем, ва Сулҳу Ваҳдати миллиро бо дандонҳои худ нигоҳ дошта, ба сӯи пешрафт ва ҳамқадами замон ҳаракат намоем» — идома дод. А. Сафарова.

Директори телевизион ва радиои мустақили шаҳри Қӯрғонтеппа Умар Камолов доир ба нақши телевизион дар тарбияи маънавии ҷавонон ҳарф зад. Ӯ афзуд, ки қудрату тавоноии ВАО бахусус телевизону радиоро мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар эҳсос карда буданд. Дар айёме, ки нооромӣ мамлакатро фаро гирифту эҳтимоли давлат ба порчаҳо тақсим шуданро дошт ва низоҳои дохилӣ боиси гуреза шудани шаҳрвандони зиёд гашт давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки барои сарҷамъии мардум аз радиою телевизион бештар истифода кунад. Зеро овозаҳои гуногун миёни одамон вазъияти сиёсию иҷтимоии мамлакатро то рафт печида ва мураккаб мегардонд.

Таъсир ва ҷойгоҳи радио ва телевизион ҳамчун расонаҳои муқтадири иттилотӣ ва тарғиботӣ боз ҳам афзунтар гардидаанд. Дар марҳилаи хеле ҳассоси ҷаҳонишавӣ ВАО натанҳо ахбори ҷомеаро ташкил медиҳанд, балки воситаи муҳими расонидани хабарҳои оҷилӣ, пайвасти алоқаи мардум  бо мақомоти маҳаллӣ, тарбиятгари насли наврас ва ҷавон ва тарғибгарӣ амалҳои неку корҳои созанда мебошанд.

«Коршиносон таҷрибаи Тоҷикистонро дар самти истифодаи босамари телевизион ва радиоро дар  ҳолати ҷанги шаҳрвандӣ, бозпас гардонидани фирориёну баҳам омадани ҳамватанон ва таҳкими Сулҳу субот дар миқёси байналмилалӣ аввалин ва бесобиқа унвон карда, чунин таҷрибаро боиси омӯзиш донистанд» — гуфт, зимни баромади худ Умар Камолов.

Дар охир шаҳрдории Қурғонтеппа аз рӯзноманигорон даъват ба амал оварданд, ки бо ташаббусу пешниҳод ва маводҳои бештари худ дар тарбияи наврасону ҷавонон ва тарғиби ҳаёти солиму пос доштани Истиқлолияту Ваҳдат ва арзишҳои миллию фарҳангӣ саҳмгузор бошанд ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дар  ингуна тадбирҳоро идома диҳанд.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13302-konferensiyai-zhurnalistonu-khizmatchijoni-davlat-dar-r-onteppa.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *