Аввалин шумораи маҷаллаи тозатаъсис бо номи «Бонувони Хатлон» дар арафаи «Рӯзи модар» ва иди матбуот чоп шуд.
«Бонувон Хатлон» — нашрияи ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон буда, дар марҳилаи аввал ҳар ду моҳ як маротиба то 50 саҳифа нашр мешавад. Баъдан мумкин аст, моҳона ва бо теъдони муқаррарӣ чоп шавад.
Ба гуфтаи Раъно Мирзоева, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, ки ташаббускорӣ ин нашрия мебошад, дар маҷаллаи мазкур шаш вохидӣ корӣ ҷудо гардида, сардабирии онро Шарофат Отаева ба ӯҳда дорад.
Тибқи иттилои Раъно Раҳимзода аз шумораи умумии аҳолии вилояти Хатлон қариб 50 фисадашро занону духтарон ташкил медиҳад. Ӯ афзуд, ки таъсиси минбари занон дар ин вилоят пешниҳоди мақолаҳои таҳлилӣ оид ба мушкилоти бонувон ва баррасии роҳҳо ҳалли он муҳим аст. Чун ҳарчанд, ки онҳо корҳои фаҳмондадиҳию вохӯриҳоро бо занон мунтазам анҷом медиҳанд вале ҳоло ҳам проблеммаи зӯроварӣ дар оила, худкушию худсӯзӣ ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон нигаронкунада буда, маҷалла дар тарғибу ташвиқӣ оилаи солим, тарбияи дурусти фарзандон ва пешгирӣ аз омилҳои номатлуб хидмат хоҳад кард.
«Бонувони Хатлон» ин сеюмин ташаббуси Раъно Раҳимзода, дар масъалаи таъсиси рӯзномаю маҷаллаҳои соҳавӣ мегардад. Пеш аз ин ҳам дар замони раиси ноҳияи Фархор буданаш ӯ ба ВАО ва иқтидори он таваҷҷуҳи хоса дошта, дар ин ноҳия ғайр аз рӯзномаи мақомот, ду ҷаридаро бо номҳои «Минбари омӯзгор» ва «Бонувони Фархор» таъсис дода буд.
Барои ин хизматҳояш Раъно Раҳимзодаро Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз соли 2013 ба узвият қабул карда, соли 2015 аз тарафи Вазорати фарҳанги малакат бо нишони сарисинагии Аълочии матбуоти Тоҷикистон қард гардидааст.
http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13301-ma-allai-bonuvoni-khatlon-ta-sis-joft.html