Сармуҳаррирони бархе аз нашрияҳои маҳаллии вилояти Хатлон аз бадтар гардидани вазъи иқтисодӣ ва шароити кории редаксияҳояшон изҳори норозигию дилсардӣ карданд.
Дирӯз, зимни конфронси илмӣ-амалии вилоятӣ таҳти унвони Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ”, ки бо ибтикори рӯзномаи “Хатлон” барпо шуд, Рустам Сафаров, сармуҳарири рӯзномаи “Бешкент”-и ноҳияи Носири Хусрав гуфт, ки газетаи ноҳиявии онҳо феълан бо теъдоди 500 нусха чоп мешавад.
Ӯ ҳамчунин дар ҳузури раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ва муовини идеологии раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, афзуд, ки дар маъракаи обуна ҳукуматҳои маҳал аввал нақшаи рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, сипас вилоятиро иҷро карда, агар маблағе аз онҳо боқӣ монад ба суратҳисоби газетаҳои ноҳиявӣ мегузаронанд. Яъне таваҷҷуҳ ба нашрияҳои ноҳиявӣ охириндараҷа аст.
— Имрӯз муштарӣ ҳаққи интихоб надорад. Нафароне ҳастанд, ки хонандаи рӯзномаи маҳали худ мебошанд ва мехоҳанд ба он обуна шаванд. Аммо масъулин онҳоро маҷбур менамоянд, ки ба рӯзномаҳои гарони ҷумҳуриявӣ обуна гарданд. Бе ин ҳам дар кишвар буҳрони иқтисодӣ аст ва вазъ дар нашрия боз ҳам бадтар шуда истодааст, — мегӯяд, сармуҳаррири рӯзномаи “Бешкент”.
— Адолат Сайфуллоева, сардабири нашрияи “Тахти Қубод”-и ноҳияи Қубодиён аз кӯчмакӯчию дарбадарӣ ва бе идораи аниқ мондани рӯзномааш изҳори дилсардӣ кард. Ӯ гуфт, ки дар як сол се маротиба бинои кориашонро иваз кардаанд.
“Дар бинои идораи кишоварзӣ будем, чанд вақт аст, ки дар ду утоқи бинои ҳукумат ҷой додаанд, аммо ҳар вақт блоки иқтисодии ҳукумат аз мо иҷорапулии ҷой ва маблағи барқ мепурсанд. Дар ҳоле, ки “Тахти Қубод”- нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлат ноҳия мебошад. Боз гуфтанд, ки ба дигар ҷой мекӯчонанд”, — мегӯяд, А. Сайфуллоева.
Аксари рӯзномаҳои маҳаллии вилояти Хатлон дар замони иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шудаанд ва то имрӯз фаъолият менамоянд. Шумораи зиёди собиқадорони матбуоти тоҷик, ки дар давраи СССР кор кардаанд, аз таваҷҷуҳи ҳокимият ва ҳоли матбуоти вақт таъриф мекунанд, ки газетаҳо тиражи калон доштанду мавқеъу манзалати журналист ва маоши кормандон боло буд. Аммо алъон чунин ба назар мерасад, ки бисёриҳо хусусан сардабирон аз тиражи каму хуб набудани шароити кор ва камтаваҷҷуҳии мақомот ба фаъолияти онҳо ба қавле “шикоят аз пирӣ” мекунанд.
Носирҷон Маъмурзода, устоди Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа низ аз мушкилоти матбуоти маҳаллӣ сухан гуфта, зикр намуд, ки баъзе аз нашрияҳои мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоят гоҳномаю моҳнома гардидаанд.
— “Бохтар”, ки нашрияи яке аз навоҳии сераҳолитарини кишвар мебошад, тиражи чопаш ба 300 нусха расидааст, ки ин аз вазъи ногувори ҷаридаи мазкур дарак медиҳад”.
Н. Маъмурзода, ҳамчунин аз наҳваи шакли пешниҳодоти матолиби журналистии ВАО-и маҳаллӣ изҳори ташвиш карда, гуфт, ки рӯзноманигорони муосир бояд бо диди нав маводҳои ҷолибро манзури хонанда, бинанда ва шунаванда гардонанд, то онҳо аудиторияи бештарро соҳиб гарданд.
Зинатулло Исмоилзода низ дар конфронси мазкур қайд намуд, ки нашрияҳо бояд имрӯз ба умеди обуна нашаванд ва бо таҳияву пешниҳоди матолиби нонданбоб, таҳлилию танқидӣ хонандаро ҷалб намоянд. Ӯ ҳамчунин дар асоси натиҷаи пурсишномае, ки Академияи ВАО гузарнидааст, гуфт, ки барномаҳои аксари телевизионию радиоҳо камрангу ҷолиби диққат нестанд ва аз ҳамин сабаб мардум бештар ба ВАО-и хориҷӣ рӯ овардаанду мухлиси онҳо гаштаанд.