Ориёфар Толиби Сангинзода, журналист ва ҳуқуқшиноси варзидаи тоҷик, пас аз як бемории начандон тӯлонӣ дар манзили зисташ дар Душанбедар аз алом даргузашт. Читать далее Даргузашти журналист ва адвокати маъруф Толиби Сангин
Архив рубрики: Хабарҳо
“Ҳаёти Сайфуллозода дар хатар аст”
Дар изҳороти худ созмони байналмилалии “Гузоришгарони бидуни марз”, мустақар дар Париж, менависад, аз Тоҷикистон хабарҳои ташвишомез дастрас кардааст, ки мегӯяд, вазъи сиҳҳатии сардабири собиқи нашрияи «Наҷот»Ҳикматулло Сайфуллозодаи зиндонӣ “рӯз ба рӯз бадтар мешавад”. Ин созмон аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кардааст, ки дастрасии ӯро ба доруву табибон таъмин кунанд. Читать далее “Ҳаёти Сайфуллозода дар хатар аст”
Нигаронии «Хабарнигорони бидуни марз» аз вазъи Ҳикматулло Сайфуллоҳзода
Созмони «Хабарнигорони бидуни марз» мегӯяд, саломатии Ҳикматулло Сайфуллоҳзода, сардабири нашрияи «Наҷот»-и Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар маҳбас бад шудааст.
Ин созмон аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ба Сайфуллоҳзода имкони ёрии тиббӣ фароҳам биёрад. Дар изҳороти “Хабарнигорони бидуни марз”, ки дар сомонаи ин ниҳод нашр шуд, гуфта мешавад, “Ҳикматулло Сайфуллоҳзода 66 сол дошта, аз дарди қалб ва пойгояш шикоят кардааст. Тибқи хабарҳои охирин дар пайи рад шудани дархосташ барои кумаки тиббӣ, гуруснанишинӣ кардааст”.
Йоханн Бирр, раҳбари шӯъбаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии ин созмон гуфтааст, «Ҳикматулло Сайфуллоҳзода дар ҳолати бад қарор дора два бояд фавран муолиҷа шавад. Ҳамчунин, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба мақомоти тоҷик фишор биёранд, то фишори озодии воситаҳои ахбори оммаро қатъ намоянд».
Ҳикматулло Сайфуллоҳзода дар қатори дигар аъзои аршади ҲНИТ баъди исёни генерал Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябри соли 2015 боздошт шуд. 2 июни соли равон бо ҳукми Додгоҳи олӣ 16 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
http://www.ozodagon.tj/27437-nigaronii-habarnigoroni-biduni-marz-az-vazi-ikmatullo-sayfullozoda.html
Даъвати кумаки тиббӣ ба сардабири маҳкумшудаи «Наҷот»
Созмони байнулмилалии «Хабарнигорони бидуни марз» дар бораи бад шудан вазъи солимии узви фаъоли Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломӣ, собиқ сардабири нашрияи ҳизбии «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода, ки имрӯз дар маҳбаси Душанбе адои ҷазо мекунад, маълумот медиҳад. Читать далее Даъвати кумаки тиббӣ ба сардабири маҳкумшудаи «Наҷот»
Радиоҷанг
Гавҳар Ҷӯраева, духтари донишманди тоҷик Қандил Ҷӯраев ва ҳамсари кинооператори маъруф Давлати Худоназар дар баҳси радиёӣ дар баробари Сергей Пономарёв, журналисти тоҷикбадбин тавонист аз Миллату аз Ватани хеш ҷасурона ҳимоя кунад. Читать далее Радиоҷанг
Нигарониии USCIRF аз вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон
Комиссияи озодиҳои мазҳабии Амрико (USCIRF) дар гузориши наваш, ки 10 август нашр шуд, ҳукумати Тоҷикистонро барои эҷоди маҳдудиятҳои мазҳабӣ натанҳо барои мусулмонҳо, балки барои фирқаҳои протестант ва «Шоҳидони Яҳво»-и дини масеҳӣ танқид намуда, дар қатори кишварҳои «махсусан нигаронкунанда» ҷой додааст. Читать далее Нигарониии USCIRF аз вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода: Таъйиноти нави кадрӣ дар ВКД
Тавре аз ин ниҳод хабар доданд, фармони вазир сешанбеи 9 август имзо шудааст. Умарҷони Эмомалӣ то таъин шудан ба ин вазифа муовини роҳбари Дастгоҳи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон буд ва рутбаи подполковники милисаро дорад. Читать далее Рамазон Раҳимзода: Таъйиноти нави кадрӣ дар ВКД
Таъини сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо як фармон Умарҷони Эмомалиро сардори Маркази матбуоти ин ниҳод таъин кардааст. Читать далее Таъини сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Нигаронии пайвандон аз вазъи саломатии собиқ сардабири «Наҷот»
Саломатии Ҳикматулло Сайфуллоҳзода, собиқ сардабири нашрияи «Наҷот» , ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломӣ дар боздоштгоҳи мувақатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вахим шудааст. Читать далее Нигаронии пайвандон аз вазъи саломатии собиқ сардабири «Наҷот»
5 голи Рустами Эмомалӣ ба дарвозаи журналистони тоҷик (АКС)
Дар бозиҳои даври аввали ҷоми “Истиқлол” оид ба футболи хурд миёни корхонаю ширкатҳои Тоҷикистон дастаи Федератсияи футболи кишвар бар тими телевизиони “Варзиш” бо ҳисоби 10:2 пирӯз шуд. Читать далее 5 голи Рустами Эмомалӣ ба дарвозаи журналистони тоҷик (АКС)