Саломатии Ҳикматулло Сайфуллоҳзода, собиқ сардабири нашрияи «Наҷот» , ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломӣ дар боздоштгоҳи мувақатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вахим шудааст.
Ин хабарро пайвандон ва собиқ аъзоёни ҳизб дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук расонайи карданд.
Як манбаъи Тоҷнюс дар боздоштгоҳ дар тасдиқи ин хабар гуфт, ки ҳамсари Сайфуллоҳзода дар як ҳафта ду маротиб инҷо передача ё ғизо меорад.
«Агар аз саломатии шавҳараш нигарон аст, марҳамат ба Суди Олӣ дархост нависад ва фавран иҷозаи вохурӣ дода мешавад. Ҳамсарони онҳое, ки ҳукми абад гирфитанд ду ҳафта қабл ҳам ҳамин идаоро доштанд. Ба суди Оли дархост карданд, иҷоза дода шуд 1 соати вохурданд. Хотирашон ҷамъ шуд. Сайфуллоҳзода, чандон ғизо намехурад вале саломатиаш хуб аст»-гуфт манбаъ.
Ҳикматуло Сайфуллоҳзода, ҳамроҳ бо 13 тан роҳбарони ҲНИ моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе бо ҷурми шарикӣ дар исёни Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт шуда буд.
Аз рўзи аввал дар боздошт қарор дошт ва аввали моҳи июл 16 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ў 66 сол дошта, чанд соли охир сардабири нашрияи «Наҷот» буд. Баъди боздошти роҳбарони ин ҳизб ва манъ шудани фаъолияти он нашрияи мазкур ҳам аз чоп монд.
http://www.tojnews.tj/tj/news/nigaronii-payvandon-az-vazi-salomatii-sobik-sardabiri-nachot