Дар бозиҳои даври аввали ҷоми “Истиқлол” оид ба футболи хурд миёни корхонаю ширкатҳои Тоҷикистон дастаи Федератсияи футболи кишвар бар тими телевизиони “Варзиш” бо ҳисоби 10:2 пирӯз шуд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Рустами Эмомалӣ, президенти ФФТ ба дарвозаи журналистони варзишии тоҷик 5 гол зад.
Дар доираи сабқат барои ҷоми Истиқлол дар гуруҳи «D» дастаи Бонки Миллӣ бар дастаи Донишгоҳи Миллӣ бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. Дар гуруҳи «В» футболбозони Суди ноҳияи Сино дастаи Донишгоҳи молия ва иқтисодро бо ҳисоби 5:1 шикаст доданд. Инчунин дастаи “Фурудгоҳ” тими Кумитаи варзишро бо ҳисоби 5:2 мағлуб кард. Дастаҳои “Дилкаш” ва “Дӯстӣ” бозиро мусовӣ – 2:2 анҷом доданд.
Ба иттилои манбаъ бозиҳои даври дуюм барои ҷоми “Истиқлол” рӯзҳои истироҳати оянда — 13 ва 14-уми август дар назар мебошанд.
http://www.ozodagon.tj/27411-5-goli-rustami-emomal-ba-darvozai-zhurnalistoni-toik-aks.html