Гавҳар Ҷӯраева, духтари донишманди тоҷик Қандил Ҷӯраев ва ҳамсари кинооператори маъруф Давлати Худоназар дар баҳси радиёӣ дар баробари Сергей Пономарёв, журналисти тоҷикбадбин тавонист аз Миллату аз Ватани хеш ҷасурона ҳимоя кунад.
Рӯзи 5-уми август дар радиёи «Комсомолькая правда» барномаи «Националный вопрос» таҳти унвони «Барои чӣ Тоҷикистон аз «КП» ранҷидааст?» пахш гардид, ки ба мушкилоти аз ҷониби Сергей Пономарёв, хабарнигори рӯзномаи «КП» эҷодшуда ва мақолаи таҳқиромези ӯ дар бораи Тоҷикистон, муносибатҳои Русия бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бахшида шуда буд. Дар барнома гунаҳгори асосии ин кашмокаш — Пономарёв, Андрей Баранов, ҷонишини муҳаррири шуъбаи сиёсати байналхалқии «КП» ва ҳамчунин Гавҳар Ҷӯраева — зани оқилаву ҷасур, намояндаи миллати тоҷик, президенти созмони умумирусиягии «Россия — наш дом» иштирок намуд.
Аввалан бояд гуфт, ки ин барнома аз аввали он то охир аз доираи ҳама гуна одоби журналистика дур буд. Зеро натанҳо ширкаткунандагони ин барнома — намояндагони рӯзномаи «КП» Пономарёв ва Баранов, балки ҳатто Елена Афонина — барандаи ин барнома зимни ҷавоби Гавҳар Ҷӯраева ба суолҳои хеш кӯшиш мекарданд бо пичингу луқма ва суолҳои иғвоангез ӯро аз мувозинат бароранд. Ман фикр мекунам, ин барнома на ба он хотир таҳия шуда буд, ки оид ба ҳакиқат доштану надоштани эродҳои Пономарёв ва нашрияи «КП» дар бораи Тоҷикистон баҳс намоянд, балки мехостанд ҳама айбро ба сари миллати тоҷик ва намояндаи он зананд. Иштирокчиёни он бо суолҳои иғвогарона ва «ҳамлаҳояшон» ба Гавҳар Ҷӯраева баҳсро аз «ҷӯи» туҳмату таҳқирҳои ба сари миллати тоҷик резанда ва мавқеи иғвоангези муаллифи мақола ба сӯи муносибатҳои давлатию инсонии ду халқи бародар кашиданд. Масалан, Пономарёв мепурсад: «Чаро дар Тоҷикистон мардум забони русиро намедонанд ё кам ҳарф мезананд?, Чаро театри русии ба номи Маяковскийро тахриб карданд?, Чаро тоҷикон аз «ов»-у «вич» дар шиносномаашон даст кашиданд?, Чаро ҳукуматдорон номҳои шаҳру деҳот ва кӯчаҳоеро, ки қаблан номҳои русӣ доштанд, ба тоҷикӣ иваз карданд?». Ва боз чаро, чаро, чароҳои дигар, ки маълум буд, ин як сенарияи сохта ва «фармуда» аз ҷониби нафарони манфиатдор аст.
Чунин «андешаҳои созанда» қаблан низ борҳо аз ҷониби«клоун»-и ҳукуматӣ — Жириновский садо дода буд, вале пай бурданд, ки ин кам аст. Бинобар ҳамин, кӯшиш карданд ин навбат ба «оташи» кинаву адоват тариқи нашрия равған резанд.
Гавҳар Ҷӯраева дар ин барнома таҳти фишори равонии ин «провокатор»-и беҷазомондаи азхудрафта — Пономарёв ва шарикони ӯ қарор гирифт. Вале ба ин нигоҳ накарда, ин зани ҷасуру оқила тавонист хатоҳои ин мақоларо исбот намояд, ҳама факту рақамҳои бардурӯғи дарҷгардидаро рад намояд, гарчанде на Пономарёв ва на нашрияи «КП» намехостанд онро қабул намоянд.
Мақсад аз таҳияи барномаи радиоӣ ҷуз иғвову муттаҳам кардан ва бори дигар паст задани миллати тоҷик чизи дигаре набуд. Агар ин хел намебуд, чаро дастандаркорони барнома дигар намояндагони миллати тоҷикро, ки дар Русия аз миллати тоҷик намояндагӣ мекунанд ва ба касбу кори гуногун машғулият доранд, даъват накардаанд? Масалан, чаро Абдулло Давлатов, Каромат Шариповро, ки дар Русия зиндагӣ доранд ва борҳо дар барномаҳои телевизионӣ иштирок карда, аз миллати худ ҳимоя ва намояндагӣ намудаанд, барои баҳси солим ба студия даъват накарданд, балки мехостанд як зани тоҷикро пешорӯи мушкилоти миллаташ гузоранд, то дар баҳс мағлуб намоянду ба қавли худашон, шарманда созанд. Мақсад маълум аст. Вале фаромӯш аз он намуданд, ки зани тоҷик акнун на он занест, ки замони шӯравӣ ин «халқи бародар» танҳо барои меҳнати сиёҳ дар саҳрои пахтазор истифода мебурду болои сараш бо самолёт заҳрдору мепошид, ӯро бо пули пучак қаноат мекунонду аз меҳнаташ шаҳрҳои рус обод мегашт.
Бояд гуфт, ки ин баҳс дар радиои «КП» замоне матраҳ гардид, ки як рӯз пеш — 4-уми август Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон Аҳмадзод бо ҳимоя аз манфиатҳои миллӣ ва шаъну шарафи миллати тоҷик дар нишасти матбуотии ниҳодаш иброз намуд, ки ҳама ҳуҷҷатҳои барои ташхиси лингвистикии мақола фиристода шудаанд ва дар сурати муайян гардидани нишонаҳои таҳқир ва барангехтани кинаву иғвову адовати миллӣ нисбати Пономарёв парвандаи ҷиноятӣ боз хоҳад шуд.
Маълум аст, ки пас аз чунин изҳороти расмӣ дар пӯстини иғвогарон кайк даромад ва бо ҳар роҳ мехоҳанд худро аз «газидани кайк» эмин доранд.
Яке аз нофаҳмиҳо дар навишта, ки норозигии ҷомеаи Тоҷикистонро ба миён овард, ин аз тарафи муаллифи мақола истифода бурдани истилоҳи «мамлакати Равшан ва Ҷамшудҳо» буд, ки дар образи ин қаҳрамонҳо Пономарёв ҳама шаҳрвандони давлатҳои соҳибистиқлолро ба риштаи тамасхур мекашад. Суоле ба миён меояд, ки магар ин СЭР-ГЕЙ ба ин гуна таҳқир нисбати миллатҳои дигар ҳақ дорад? Чаро ин гуна гейҳо миллати худро аз дигар халқу миллатҳо боло медонанд? Аммо тибқи баъзе маълумотҳо, Пономарёв руси тоза нест. Аз ин мебарояд, кадом як қувваи бадхоҳе вуҷуд дорад, ки мехоҳад дар оташи низои ин ду миллати бузург дасту пой гарм кунад. Пономарёв ва ҳамақидаи ӯ Гӯсфандов (Баранов) мехоҳанд исбот намоянд, ки Тоҷикистон мамлакати талбандаҳо аст ва аз ҳисоби гадоии давлатҳои хориҷӣ зиндагӣ карда истодааст. Чашми ин «кӯрҳо» аз дидани тараққиёту пешрафти чанд соли охири Тоҷикистони ҷавону соҳиби истиқлол сих мезанад. Ин бадхоҳон Тоҷикистонро, ки ҳамчун як кишвари дунявӣ мехоҳад муносибаташ дар ҳама соҳот бо тамоми мамолики ҷаҳон — хоҳ исломию насронӣ, хоҳ католикию буддоӣ баробар бошад, дида наметавонанд. Дида наметавонанд, ки давлатҳои мусалмонӣ барои ба по рост намудани як давлати кӯчаки мусалмонии бародар, тибқи аҳодиси Пайғабари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с.с.) — «Мусалмон бародари мусалмон аст» амал мекунанд.
Ҳангоме Гавҳар Ҷӯраева ба Пономарёв суол медиҳад, ки «кӣ ба шумо ҳуқуқ дод бо чунин калимаву ибораҳои номуносиб як миллатро таҳқир кунед!?», Пономарёв ба савол бо савол ҷавоб медиҳад, ки барои чӣ шумо кӯчаҳову шаҳрҳои номи русидоштаро ба номҳои тоҷикӣ иваз кардед? Барои чӣ фамилияҳоятонро тоҷикӣ кардед? Ё ин ки дар мавриди пойтахти кишвар мегӯяд, ки барояш душанбе рӯзи аввали ҳафта аст. Чаро Сталинободро ба рӯзи ҳафта иваз кардед ва ба монанди ин чанд саволи бемантиқи дигар, ки ин баҳси алоҳидаро албатта дар суҳбати рӯ ба рӯ бо ин нафар талаб мекунад. Зеро муаллифи мақола аз таърихи Тоҷикистон ва пайдоиши номи Душанбе фарсахҳо дур аст.
Мехоҳам дар навбати худ ба ҷаноби Пономарёв суол диҳам: Магар кӯшиши тоҷикон барои баргаштан ба асли ниёгони хеш, ки дар давлати соҳибистиқлол зиндагӣ мекунанд, ба ӯ имкон медиҳад, ки як миллати томро таҳқир намояд? Магар мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсии давлатҳои соҳибистиқлол ба ӯ, ки шаҳрванди дигар мамлакат аст, ҳақ медиҳад, ки миллати тоҷикро таҳқир намояд, боз тавассути васоити ахбори омма?
Пономарёв на танҳо дар давоми пахши мустақими радиои «КП» аз таҳқири миллати тоҷик даст накашид, балки алҳол низ дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба паст задани тоҷикон ва аланга додани оташи байни миллатҳо идома дода истодааст ва бо вуҷуди ин, шарм надошта, мегӯяд, ки ӯ гунаҳгор нест.
Албатта, чунин бардошти Сергей Пономарёв, ки зимни сафараш ба Тоҷикистон рӯи чоп овардааст, ноҷавонмардона аст ва ҳамкасбонашро аз расонаҳои дохили кишвар ва берун аз он бетараф нагузоштааст.
Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори тоҷик бар он назар аст, ки бояд ҳукумати кишвар ба ин амал хеле қатъӣ ҷавоб диҳад, «агар воқеан ба гапи ин харжурналист мувофиқ нест!».
— Пономарёв: «Дар давраи Раҳмон кишвар ба як кишвари талбандаҳо табдил шудааст». Магар таҳкири як миллат аз ин зиёд мешавад?! Магар мову шумо талбандаем?! Ин аслан як суҳбати радиёӣ набуд! Ин як ҷанг ва туҳматномаи навбатии се нафар рус бо як зани тоҷик буд! Шармандагӣ бояд бошад барои рӯзноманигори рус, ки чунин як бархӯрдро бо ҳамсуҳбати худ бинобар сабабе, ки мехоҳад аз миллати худ дифоъ кунад, хамла мекунанд! Бубинед, ҳатто нафаре, ки ба радио занг зада, аз Тоҷикистон ҳимоят мекунаду мегӯяд: «Мне стыдно за России!», сухани ӯро дар баҳс ба баррасӣ намекашанд! Вале нафароне, ки аз тоҷикон туҳмат мекунанд, даррав суханашонро ин се «журналист» об медиҳанд! Боз мегӯям, ки ин дафъа на рӯзноманигорон, балки бояд ҳукумати Тоҷикистон хеле ҷиддӣ ба ин пирхар ҷавоб гӯянд — мегӯяд Завқибек Саидаминӣ.
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ бо изҳори таассуф мегӯяд, дар баробари ин амали ноҷавонмардонаи Пономарёв «кормандони масъули Маркази тадқиқоти стратегӣ, нашрияҳои давлатӣ, ки аз имтиёзҳои давлат истифода мебаранду зиндагии осудаю обод доранд, аз вокуниш худдорӣ кардаанд».
— Зимни интихоби мавзуъ ва навиштани мақола журналистон кӯшиш мекунанд, ки сатҳи озодии сухан, дастрасӣ ба иттилоот ва воқеияти муҳитро низ ба инобат бигиранд. Аммо тарзу усули истифодабурдаи журналисти «Комсомольская правда» на танҳо бар хилофи одоби касбии журналистӣ буд, инчунин дар баъзе мавридхо таҳқири миллат низ мушоҳида мешавад. Бинобар ин, новобаста ба муносибат ба ҳукумат фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамкасбони Пономарёв дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ба ӯ посух навишта, эътирози худро нишон доданд, -мегӯяд профессор Шокирҷон Ҳакимов.
Аммо Саъдӣ Маҳдӣ, таҳлилгари тоҷик бо ифтихор аз Гавҳар Ҷӯраева дар баҳс бо Пономарёв дар радиои «КП» иброз медорад: «Бо русӣ бисёр муассир суҳбат мекард. Дар муқоиса бо журналистони «КП», ки ҳамоно густохӣ мекарданд, ҷавобҳои ӯ бисёр хирадмандона буданд».
— Масалан, ба онҳо маъқул нест, ки мо насаби тоҷикӣ кардаем. Онҳо намехоҳанд, ки мо ба асли худ баргардем, ки аз ҷониби Гавҳар Ҷӯраева ҷавоби сазовор гирифтанд. Онҳо намехоҳанд, ки мо номҳои русиро, ки ҳатто аз замони болшевикон номгузорӣ шудаанд, тоҷикӣ кунем. Ман мебудам, ба Пономарёв суол медодам, ки чаро шумо фамилияатонро масалан Пономарёвзода намекунед?)) Саволи ӯ низ айнан чунин суол аст, фақат баръакс. Фикр мекунам, таъсири ин мусоҳиба, ки аудиторияи калон онро гӯш мекунанд, хеле бузург аст. Метавонад як андоза шовинистҳои русро ҳушдор диҳад, ки дигар ба тоҷик бо назари паст нанигаранд.
Зиҳӣ, фарзанди фарзонаи миллат Гавҳар Ҷӯраева! Худо падарашон, Қандил Ҷӯраевро, ки ходими бузурги илму фарҳанги тоҷик буданд, биёмурзад!,-дуо мекунад Саъдӣ Маҳдӣ.