Архив рубрики: Хабарҳо

УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ЖУРНАЛИСТИКА ҶОИЗА БА ДАСТ ОВАРДАНД

10 – уми марти соли равон дар театри ба номи Абулкосим Лоҳутӣ 105 – солагии Рӯзиматбуоти тоҷик ҷашн гирифта шуд. Читать далее УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ЖУРНАЛИСТИКА ҶОИЗА БА ДАСТ ОВАРДАНД →

Аз бойгонии матбуот

Моҳи октябри соли 1958 шумораи нахустини маҷаллаи «Журналист» — нашрияи ҳармоҳаи Бюрои ташкилии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон рӯи чоп омад. Аз матолиби дар он дарҷгардида маълумоти ҷолибро пешкаши хонандагон мегардонем. Читать далее Аз бойгонии матбуот →

Д. Гулмаҳмадзода: «Журналистон ҳимоятгари манфиатҳои миллианд»

Беш аз 80 нафар собиқадорони матбуот ва хабарнигорони ВАО ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик аз ҷониби раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд. Читать далее Д. Гулмаҳмадзода: «Журналистон ҳимоятгари манфиатҳои миллианд» →

Устод ва раҳнамои журналистон

Омодасозии журналис­тони тоҷик солҳои пеш яке аз масъалаҳои ҳалталаб буд. Зеро он солҳо мактаби махсус набуд ва муаллимони касбӣ намерасиданд. Танҳо бо кӯшиши шахсони дилдодаи ин касб журналистони оянда ба камол расиданд. Читать далее Устод ва раҳнамои журналистон →

Стратегияи миллии рушди ВАО таҳия мешавад

Мусоҳиба бо директори Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон», раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон Читать далее Стратегияи миллии рушди ВАО таҳия мешавад →

Нахустрӯзномаи тоҷикӣ 105-сола шуд

Ба ин хотир, дар арафаи рӯзи матбуоти тоҷик дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 105 — солагии рӯзномаи «Бухорои шариф» таҳти унвони «Бухорои шариф» ва сабақҳои он» конференсияи илмию амалӣ баргузор гардид. Читать далее Нахустрӯзномаи тоҷикӣ 105-сола шуд →

Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст?!

Матбуот оинаи рӯзгор аст, баробар бо замон пеш меравад ва бозгӯйи таҳаввулоту рӯйдодҳои ҷомеа аст.  Сухан силоҳи бузург аст ва онро метавон бо ҳар ҳадафе истифода бурд. Қонун, ахлоқ, озодӣ, ошкорбаёнӣ, масъулият, ҳадаф, ормон арзишҳое ҳастанд, ки рӯзноманигорони мо бо онҳо сарукор доранд. Дар атрофи ин мавзӯъҳо бо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода суҳбат оростем.
Читать далее Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст?! →

ИНСОНҲОИ БОШАРАФ

Саду панҷ соли матбуоти тоҷик савол пеш меорад, ки чиро ва киро аз бунёдгузорони он мешиносем ё шинохтан мехоҳем. Охир, бунёди матбуот ҳам мисли эъмори коху биноҳои боҳашамат, оростани боғистону токзор, сароидан, рақсидан, тамсил ва ромишгарӣ чирадастони худро дорад. Сатҳи устодони матбуот аз дигар нигорандагони эҷод, ба он фарқ мекунад, ки журналистон ба ҷуз истеъдод, эътиқоди сиёсӣ низ бояд дошта бошанд. Зеро матбуот дар навбати аввал барои фикреро гуфтан, ҳимоя ё рад кардан, истифода мешавад. Бе ин рӯзнома ё маҷалла ба коғазпораи ночизе табдил меёбад. Читать далее ИНСОНҲОИ БОШАРАФ →

АВВАЛИН ҶАШННОМАИ «ҶУМҲУРИЯТ»

Соли 1912 даҳсолагии рӯзномаи «Правда» ҷашн гирифта шуд ва аз ҳамон рӯз эътиборан, рӯзи панҷуми май ҳамчун рӯзи таъсиси ин рӯзнома то барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, яъне то моҳи декабри соли 1991 ҷашн гирифта мешуд. Аввалин китоби ҷашнномаи матбуот ин ҷашнномаи «Правда» ба муносибати таъсиси рӯзнома ба ҳисоб меравад.

Аз ҳамон вақт сар карда, дар тамоми ҷумҳуриҳои шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ Рӯзи матбуот ҷашн гирифта мешавад. Дар он рӯз маъмулан рӯзномаҳо сармақолаи худро ба мавзӯи мазкур мебахшиданд ва на танҳо дар бораи «Правда», балки дар бобати матбуоти миллӣ низ  мулоҳизаҳо ронда мешуданд. Баъдтар анъана шуд, ки дар шумораи панҷуми май, гӯша ё саҳифаҳое бахшида ба матбуоти худӣ нашр гардад.

Ҳамзамон, дар Тоҷикистон низ таҷлили зодрӯзи матбуоти маҳаллӣ анъана шуд. Яъне, дар рӯзи солгарди нашри ин ё он маҷалла силсиламатолиб дар бораи худи он нашрия ба табъ мерасид. Дертар рӯзномаҳои асосии Тоҷикистон ё тоҷикӣ, аз ҷумла «Овози тоҷик» ва «Бедории тоҷик» ба муносибати солгардашон, рисола ё китобҳоеро ҳам нашр мекарданд, ки онҳоро Ҷашннома гуфтан лозим меояд. Анъанаи ҷашнноманависӣ дар иртибот ба санаҳои бузурги нашрияҳо дар замони шӯравӣ давом мекард. Дар ин давра, аз ҷумла рӯзномаҳои «Тоҷикистони советӣ», «Коммунист Таджикистана», «Комсомоли Тоҷикистон», «Пионери Тоҷикистон» бахшида ба солгарди худ ҷашнномаҳо ва роҳнамоҳо (проспектҳо) чоп карданд. Ин анъана дар замони мо низ идома мекунад. Аз ҷумла, рӯзномаи «Ҷумҳурият»  (пештар «Иди тоҷик», «Бедории тоҷик», «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ», «Тоҷикистони шӯравӣ»)  чунин ҷашнномаҳо ба табъ расонидааст.

Аввалин Ҷашнномаи он «Ёдгории иди шашсолагии ҳаёти «Тоҷикистони сурх»» ном дошт, ки соли 1932 нашр гардидааст. Ин Ҷашннома аз қисмати умумӣ, қисмати иҷтимоӣ ва қисмати адабӣ, хотираҳо ва табрикҳо иборат мебошад. Тахмин меравад, ки дар тайёр кардани он бештар се нафар: муҳаррири рӯзнома Қосим Дайламӣ, котиби масъули он Ғуломризо Ализода ва устод Абулқосим Лоҳутӣ иштирок кардаанд. Қисми зиёди мавод, ки бо имзою бе имзост, ба онҳо тааллуқ мегирад. Дар ин Ҷашннома ду чиз бартарии зиёд пайдо кардааст: қисмати сиёсӣ ва шеър. Қисмати сиёсии он тибқи анъанаи ҳамон замон таърихи Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ, фишурдаи тарҷумаи ҳоли В. И. Ленин, таърихи мухтасари Тоҷикистони Шӯравӣ, соҳаҳои асосии Тоҷикистони ҳамон замон, яъне тағйироти инқилобӣ, муборизаи зидди босмачигарӣ, тағйироти иҷтимоӣ, мактабу маорифро дар бар мегирад.

Қисмати назм тақрибан ҳамин мавзӯъҳоро дар бар гирифтааст.

Суханҳои табрикотиро роҳбарони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, раиси Шӯрои комиссарони халқи Тоҷикистон А. Ҳоҷибоев, инчунин редаксияҳои рӯзномаҳои ҷумҳуриҳои дигар гуфтаанд. Ин се ҳолат далолат медиҳад, ки Ҷашнномаи мазкур хусусияти сиёсӣ дорад ва ҳамчун китоб рисолаест, ки дар мавзӯи сиёсӣ тайёр карда шудааст. Ҳамин чиз ҳадди муайянкунандаи ҷашнномаҳо шуда метавонад. Зеро дар ҷашнномаҳои баъдӣ ва имрӯза низ рӯҳи сиёсӣ қавӣ мебошад.

Ҷашнномаи «Ёдгории иди шашсолагии ҳаёти «Тоҷикистони сурх», ки ба сифати ёдгор аз гузаштаи ин рӯзнома ба табъ расидааст, на танҳо барои кормандони матбуоти тоҷик, муҳаққиқони журналистикаи тоҷик, донишҷӯёни риштаҳои журналистика, адабиёт ва таърих, балки барои онҳое, ки ба таърихи тамаддуни тоҷик таваҷҷуҳ доранд, низ маводи дилхоҳ медиҳад. Ҷашннома барои насли калонсоли имрӯза аз ҷонбозиҳои равшаниовари бобоҳояшон нақл мекунад ва ба ин васила имрӯзиён фарзандону наберагонашонро барои шинохти асли гузаштаи худ роҳнамоӣ менамояд.

http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=28417