Беш аз 80 нафар собиқадорони матбуот ва хабарнигорони ВАО ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик аз ҷониби раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.
10 март дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамоиши журналистон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баргузор гардид. Раиси вилоят зимни табрики ходимони матбуот аз онҳо ҳамчун «сипари боэътимоди давлат» ситоиш карда, гуфт, ки бо дарназардошти таҳаввулоти ҷаҳони муосир зарурате пеш омадааст, ки имрӯз ҳар як намояндаи воситаҳои ахбори омма минбари суханро барои ҳифзи амнияти давлат, таҳкими пойдории ҷомеа, тарғиби худогоҳиву худшиносии миллӣ, ғояҳои ватандӯстӣ, эҳтиром ба анъанаҳои фарҳангӣ, рушду густариши забони давлатӣ истифода намояд ва ба халқу миллати худ содиқонаву беғараз хизмат карда, дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва мардуми шарифи кишвар ҳаргиз бетараф набошад.
— Давлат риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии воситаҳои ахбори оммаро таъмин менамояд, — зикр кард Д. Гулмаҳмадзода. — Ба хотири таҳкими озодии сухан ва фаъолияти бемонеаи воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон силсилаи қонунҳо қабул шудаанд, ки ин ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро таъмину танзим мекунанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи табъу нашр», ҷамъан наздики даҳ қонун, инчунин консепсия ва барномаҳои давлатӣ (Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ барои солҳои 2010-2025, Барномаи рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015), амру фармонҳои Президенти кишвар, аз ҷумла «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма», ҷиҳати таъмини муқаррароти Қонуни асосии кишвар, ки озодии сухан ва дастрасӣ ба иттилоотро кафолат медиҳад, қабул шудаанд. Дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» (аз 19 марти соли 2013, №961) зикр шудааст, ки матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд. Ҳар шахс ҳуқуқи озодона ҷустуҷӯ, дастрас ва паҳн намудани ахбор, изҳори ақида ва дар шаклҳои бо ҳамин Қонун муқарраршуда паҳн намудани онҳоро дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дорад.
ВАО яке аз институтҳои муассири ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва созандаи симои давлати Тоҷикистон мебошанд. Дар идома раиси вилоят қайд намуд, ки журналистон бояд камбудиҳои ҷомеаро бигӯянд, дар ин бора ошкоро ҳарф зананд ва агар метавонанд, роҳҳои ислоҳи онро нишон диҳанд. Вақте ки шаҳрвандон аз тариқи воситаҳои ахбори умум ва ё минбарҳои гуногун камбудиҳоро ошкор месозанд, дар ҷомеаи демократӣ ин як кори табиӣ аст. Вале инро ҳам бояд дар назар дошта бошем, ки сухан метавонад ҳам созанда бошад ва ҳам сӯзанда. Аз рӯйи ҳар сухан ва амали журналистон мардуми кишварҳои дигар дар бораи миллати тоҷик, дар бораи давлати Тоҷикистон тасаввурот ҳосил мекунанд ва хулоса мебароранд. Бинобар ин, тамоми неруи ВАО ва зарфиятҳои зеҳнии худро барои беҳтар сохтани имиҷи Тоҷикистон, таблиғи дастовардҳои замони истиқлол ва ташаккули афкори созандаи шаҳрвандон бояд равона кард.
![]()
Дар қисмати дувуми ҳамоиш маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни вилоятии журналистон «Неруи сухан», ки соли 2016 бо қарори раиси вилояти Хатлон эълон шуда буд, баргузор гардид. Ҳамин тавр, дар номинатсияи «Беҳтарин таҳқиқоти журналистӣ» рӯзноманигорон Сайраҳмон Назриев (маҷаллаи «Сафо»), Ҳангомаи Исмат (рӯзномаи «Хатлон») ва Азизи Фаттоҳ («Субҳи Шаҳритуз») баранда дониста шуданд. Дар номинатсияи «Беҳтарин рӯзномаи шаҳрию ноҳиявӣ» рӯзномаи шаҳрии «Набзи Қӯрғонтеппа», дар номинатсияи «Беҳтарин гузориши телевизионӣ» намояндаи телевизиоин «Ҷаҳоннамо» Шариф Мираков ва дар номинатсияи «Беҳтарин гузориши радиоӣ» хабарнигори радиои вилоят Аҳмадҷон Раҳимзода соҳибҷоиза гардиданд. Д. Гулмаҳмадзода ғолибони озмуни «Неруи сухан»-ро табрик гуфта, ба ҳар яке аз онҳо аз 500 то 1000 сомонӣ мукофотпулӣ ва Шаҳодатнома супурд.
Раиси вилоят таъкид кард, ки ин озмун минбаъд ҳамасола дар Рӯзи матбуоти тоҷик натиҷагирӣ хоҳад шуд.
Дар ин ҳамоиш ҳамчунин ба рӯзномаҳои вилоятии «Хатлон», «Новий Хатлон», «Дӯстлик», Идораи ТВ ва радиои вилоят, маҷаллаи «Сафо», нашрияҳои ноҳиявии «Баҳористон»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, «Тахти Қубод»-и ноҳияи Қубодиён, «Вахш», «Субҳи Шаҳритуз» Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим гардид.
![]()
Дар идомаи ҳамоиш исми барандагони Ҷоизаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин (назм) ва ба номи Носири Хусрав (наср) эълон гардид. Ба марҳум Раҳими Рафеъзод (ба писараш), Аҳмади Иброҳим, ки Ҷоизаи ба номи Носири Хусрав ва шоир Акрами Ризом, ки Ҷоизаи ба номи Шамсиддини Шоҳинро ба даст оварданд, аз ҷониби раиси вилоят 5000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.
http://khatlon-ruznoma.tj/1357-d-gulmamadzoda-zhurnaliston-imoyatgari-manfiatoi-milliand.html